Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи раҳбари пешини Миср, Ҳуснӣ Муборак дар додгоҳ имрӯз аз сар гирифта мешавад. Вай бо иттиҳомоти дастури тирандозӣ ба тазоҳуркунандагоне, ки дар моҳи фервали соли равон ӯро аз мақомаш барканор карданд ва ҳамчунин фасоди молӣ рӯбарӯст. Вай ин иттиҳомотро рад мекунад. Фелдмаршал Муҳаммад Тантовӣ, собиқ вазири дифоъ дар ҳукумати Муборак, ки акнун ба кишвар сарварӣ мекунад, низ дар додгоҳ бозпурсӣ шуд. Шабеҳ ба рӯзи савуми август, Муборак бо чархбол интиқол ёфта, дар кати чархдор ба толори додгоҳ ворид хоҳад гашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG