Пайвандҳои дастрасӣ

Рабти ҳамлаҳо дар Қазоқистон бо Афғонистон ва Покистон


Буронбой Галиев, сухангӯи Додгоҳи вилояти Атирауи Қазоқистон имрӯз гуфт, бино ба натиҷаҳои бозпурсии 22 нафаре, ки бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, онҳо ҳимояти молиро аз Афғонистон ва Покистон пайдо кардаанд. Галиев афзуд, яке аз боздоштшудагон бо Афғонистон ва Покистон робитаи доимии интернетӣ доштааст. Атирау вилояти ғарбии Қазоқистон аз моҳи май ба ин сӯ чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла нахустин таркиши худкушона ва чанд амалиёти амниятӣ қарор ёфт. Галиев афзуд, маблағ барои ин гурӯҳ ба бонке дар Қазоқистон интиқол дода шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG