Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо омодагӣ ба узвият дар СММ-ро оғоз карданд


Фаластиниҳо имрӯз маъракаи омодагӣ ба узвият дар Созмони Милалро оғоз карданд. Онҳо талош доранд, то 20-уми сентябр бештарин ҳимояти кишварҳои узвро ба даст оранд. 20-уми сентябр қарор аст раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, аризаи узвият дар Созмони Милалро ба дабири кулли он Бан Ки-мун расман пешниҳод кунад. Аббос имрӯз барои тасҳеҳи нақшаи узвияти Фаластин дар СМ бо марзҳои соли 1967 бо мақомоти аршади фаластинӣ мулоқот кард. Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба ин тарҳ мухолифанд ва Вошингтон гуфтааст, аз баррасии он дар Шӯрои амният ҷилавгирӣ хоҳад кард. Дар он ҳолат, гуфтаанд фаластиниҳо, онҳо ба Маҷмаи умумии СММ муроҷиат хоҳанд кард, то мақоми намояндагии онҳо аз ниҳоди нозир ба давлати ғайривузв боло бурда шавад.
XS
SM
MD
LG