Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Қаззофӣ 20%-и тилои кишварро фурӯхтааст


Раиси Бонки марказии Либия мегӯяд, режими қаблӣ наздик ба 20 дарсади захираҳои тилои кишварро фурӯхт, то дастмуздҳои давраи шӯриши зидди Қаззофиро бипардозад. Қосим Аззуз имрӯз ба хабарнигорон дар Троблус гуфт, режими Қаззофӣ 29 тонна тилоро дар моҳи апрел ба харидори маҳаллӣ фурӯхтааст, то хазинаи хешро пур кунад. Гуфта мешавад, захираи тилои Либия 145 тонна тилоро ташкил медод. Аззуз ҳамчунин гуфт, чизе аз дороии бонки марказӣ рабуда ё гум нашудааст. Ин дороиҳо 115 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 90 миллиарди он дар хориҷ аз кишваранд.
XS
SM
MD
LG