Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ – қаҳрамони ҳандболи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандбол ё тӯби дастии Тоҷикистон миёни дастаҳои мардона, ки дар ноҳияи Панҷ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи шаҳри Хоруғ ба анҷом расид.

Дар мусобиқа панҷ даста аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат дошт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи Хоруғ бар тими аввали ноҳияи Панҷ пирӯз шуд. Дастаи Душанбе мақоми севумро касб кард.

Саид Маҳмудов, муовини аввали раиси Федератcиюни ҳандболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ҳандбол дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум, баъди таъсиси Федератсиюни миллии тӯби дастӣ таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст. Дар ин муддат дар кишвар якчанд мусобиқаи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барпо гардид. Ҳамчунин ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карданд. Масалан, тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои IV бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон миёни 12 даста дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Вале барои рушди минбаъдаи ин навъи олимпии варзиш дар Тоҷикистон мо ба толорҳои замонавии варзишӣ ва майдонҳои ҳандбол ниёз дорем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов дар ҳамин ҳол тими мунтахаби кишвар ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки моҳи ноябр дар шаҳри Алматии Қазоқистон миёни наврасон баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG