Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи МАТ ва САҲА ба Радиои Озодӣ


Дар рӯзи байнулмилалии Ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба Радиои Озодӣ ва Радиои Имрӯз барои инъикоси воқеӣ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти журналистика ва журналистони тоҷик дода шуд. Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори пешини "Нури зиндагӣ", ки ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад, барои мавқеи устувор дар журналистика ҷоизаи МАТ ва САҲА-ро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG