Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуркунандагон кӯчаҳои марказии Бишкекро бастанд


Тазоҳуркунандагон чанд кӯчаи марказии Бишкек, пойтахти Қирғизистонро бастанд ва аз ҳукумат тақозо доранд, маҳалли зисти онҳо дар канораи ин шаҳр ба шабакаи обу барқ пайваст гардад. Онҳо сокинони шаҳраке ҳастанд, ки бе иҷозаи мақомоти расмӣ дар соли 2005 бунёд шуда, зиёда аз 800 хонавода дар он ба сар мебарад. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин сабти номи расмии моликияти худро талаб мекунанд. Эътирози онҳо аз чанд ҳафтае пеш оғоз шуда, акнун то маркази Бишкек расидааст.
XS
SM
MD
LG