Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барои эҷоди шуғл 300 миллиард доллар сарф мекунад


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, интизор меравад, тарҳи эҷоди ҷойҳои корӣ дар кишвараш ба маблағи 300 миллиард долларро эълон хоҳад кард. Ин тарҳ дар ҳоле муаррифӣ мешавад, ки сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба 9,1 дарсад расида, интизор меравад, масъалаи шуғл ба яке аз шиорҳои асосии интихоботи президентии соли 2012-и Амрико табдил хоҳад ёфт. Обама талош хоҳад кард, ки барномаи нави ӯ то поёни сол дар порлумон ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG