Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э. Раҳмон низои Тоҷикистонро "ҷанги таҳмилӣ" номид


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20-умин солгарди истиқлоияти давлатии кишварашро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт. Вай истиқлолиятро барои мардуми Тоҷикистон падидаи таърихӣ ва сарнавиштсоз номид ва аз дастовардҳои 20 соли соҳибихтиёрии кишвар ситоиш кард. Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки аз оғози ин истиқлолият нерӯҳое тавонистанд, бо мақсади аз байн бурдани давлатдории тоҷикон кишварро ба гирдоби рӯёрӯии сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонанд, ки дар натиҷаи ин зиёда аз 100 ҳазор нафар кушта ва қариб як миллион нафар паноҳанда шуда, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллар зиён расид. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ифтихор кард, ки кишвараш аз ин мушкилоту маҳрумиятҳо бо сарбанадӣ гузашта ва рӯ ба рушду пешрафт дорад. Вай бо арқому ададҳо бартарии вазъи имрӯзаи мардуми кишварро дар қиёс бо замони шӯравӣ таъкид намуд.
XS
SM
MD
LG