Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Сурия бояд бо мухолифон гуфтушунид кунад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод.
Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод.
Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҳамтои сурёнии худ, Башор ал-Асад даъват кард, аз саркӯби норозиён даст бардорад ва бо мухолифонаш вориди гуфтугӯ шавад. Аҳмадинажод ин нуктаро дар мусоҳиба бо радиои португалии “Радиотелевайо Португеза” баён дошт. Эрон яке аз ҳампаймонҳои калидии Сурия, Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро ба оташ додани эътирозҳои панҷмоҳаи Сурия айбдор кардааст. Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар Эрон муттаҳам мекунанд, ки ба Асад дар саркӯби хунини ошӯбҳо кӯмак мерасонад.
XS
SM
MD
LG