Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ хабарҳои фирораш ба Нигерро рад кард


Раҳбари собиқи Либия, Муаммар Қаззофӣ хабарҳои фирораш ба Нигерро рад кард. Дар гуфтугӯи телефонӣ бо шабакаи телевизионии “Аррай Оруба”, ки дар Сирия мақар дорад, Қаззофӣ гуфт, хабарҳои он ки гӯё вай Либияро тарк карда ва ба Нигер рафтааст, дурӯғ ва силоҳи равонист. Дар ин байн ҳукумати Нигер гуфтааст, масъалаи бархӯрд бо Қаззофиро дар ҳоли ба ин кишвар паноҳ бурдани ӯро баррасӣ мекунад. Вазири умури хориҷии Нигер гуфтааст, сари ин андеша дорад, ки дар чунин ҳолат ба Қаззофӣ паноҳгоҳ диҳад ё ӯро ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ истирдод намояд.
XS
SM
MD
LG