Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: “Нияти аз байн бурдани давлати тоҷиконро доштанд”


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар “Кохи Борбад” суханронӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар “Кохи Борбад” суханронӣ кард ва вазъи 20 соли Тоҷикистонро ба унвони як кишвари соҳибистиқлол баррасӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ аз мароҳили ба истиқлол расидани Тоҷикистон ҳам ёдоварӣ кард ва аз ҷумла ҷангеро, ки дар оғози солҳои навадум мардуми Тоҷикистон ба он рӯбарӯ шуданд, “ҷанги таҳмилӣ” номид.

Вай таъкид кард, ки бар асари ин ҷанг беш аз 100 ҳазор куштаву як миллиони дигар хоки Тоҷикистонро тарк карданд ва иқтисодиёти кишвар ҳудуди 10 миллиард доллар зиёни иқтисодӣ дид. Ба қавли ӯ, “зарари маънавии ҷанг беҳисоб аст.”

Ҳамон тавре ки ҷаноби Раҳмон афзуд, ба сурати умум ин ҷанги тарҳрезишуда ҳадафи аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро дар пай дошт.

Ӯ ба фарқ аз суханрониҳои пешин дар ин сӯҳбати худ дар бораи мақоми мусулмонону дини мубини Ислом ва тундгароии мазҳабӣ сӯҳбат накард. Вай бештар дар ҷумлаҳои худ аз ғурури ориёӣ, нажоди ориёӣ ёдовар шуда ва мардумро барои эҳтиром гузоштан ба фарҳанги асили тоҷикон даъват мекард.

Аз сӯҳбати ӯ эҳсос мешуд, ки даврони истиқлолияти Тоҷикистонро ба замони Шӯравӣ низ қиёс мекард ва гоҳо Тоҷикистони имрӯзро афзалтар аз марҳилаи зиндагии мардум дар Иттиҳоди Шӯравӣ медонист.

Ба унвони мисол Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ишора намуд, ки агар дар ҳафтод соли мавҷудияти ҳукумати Шӯравӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 73 ҳазор мошини сабукрав ворид шуда буд, ҳоло ин рақам дар як сол ба 70 ҳазор расидааст. Ба қавли раисиҷумҳур дар даҳ соли ахир тақрибан 500 ҳазор мошини сабукрав ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Вай ҳамчунин илова кард, ки агар дар гузашта ҳудуди 200-300 ҳазор сокини Тоҷикистон бо телефони хонагӣ таъмин буданд, ҳоло наздики 6 миллион аҳолии кишвар бо телефонҳои мобилӣ сӯҳбат мекунанд. Агар дар сӯҳбатҳои қаблияш ҷаноби Раҳмон аз афзоиши муштариёни телефонҳои мобилӣ дар кишвар интиқод карда ва ҳатто гирифтани онро барои муҳассилин ғайри қобили қабул дониста буд, аммо ин бор аз он ба гунае пешрафт ёдоварӣ менамуд.

Ҷаноби Раҳмон вақте ин ҳарфҳоро мезад баён дошт, ки вазъи зиндагии мардум дар тӯли 20 соли истиқлолият ҳам беҳбуд ёфтааст. Вагарна ба гуфтаи ӯ, "агар пул набошад, мошин аз куҷо меояд? Агар пул набошад, аз куҷо хона месозанд?" Вай беҳбудии зиндагии мардумро ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ва истиқлоли кишвар марбут донист.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин суханронии худ роҷеъ ба ҳар як бахш дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард ва пешрафтҳоро бармешумурд, аз ҷумла гуфт, ки дар тӯли бист сол давлати ин кишвар ба ҳадафи худ дар мавриди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ наздик шудааст. Ҷаноби Раҳмон гуфт, агар дар гузашта рафтуомад ҳатто аз як минтақа ба минтақаи дигари Тоҷикистон мушкил буд, ҳоло он осон гаштааст: "роҳро ба ҳама манотиқи кишвар кушодем ва ба яке аз ҳадафҳои аслиямон -- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем."

Вале ӯ гуфт, ки "ин ҳама худтаърифкунӣ нест". Вале бояд бидонем, ки “мо дар куҷо қарор доштему ба куҷо расидем”. Бо ин ҳол афзуд, ки ин вазъ ҳанӯз мақомоти кишварро қонеъ намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG