Пайвандҳои дастрасӣ

"Худо он рӯзҳоро нишон надиҳад..."


Гавҳар Розиқова (аз тарафи чап аввал)

Гавҳар Розиқова (аз тарафи чап аввал)

Қиссае, ки ҳоло бароятон нақл мекунам, агарчӣ ҳам ғамангез асту ҳам хандадор, вале воқеист ва як навъ ёдномаест аз даврони навҷавониҳоям дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ.

Бибикалонам мегуфтанд, агар дар рӯзҳои ид орзуву умедҳоятро ба забон оварда курта ё сарбанди нав пӯшӣ, ҳатман орзуҳоят амалӣ мешаванд. Ман ҳар сол 9 сентябр, дар рӯзи ҷашни истиқлоли кишвар, ҳатман барои худ пироҳан ё сарбанди нав дӯхта мепӯшаму
Як муллоро ниҳоят хешу таборамон ҷустуҷӯ карда ёфтанд. Ин домулло аз тарс ришашро тарошида дар манзили кадом хешовандаш пинҳон шуда будааст...

ҳамзамон дар дил орзу мекунам, ки ин сулҳу оромӣ дар ватани ман ҳамеша пойбарҷо бимонад ва дигар рӯи ҷангро нишонамон надиҳад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки қадри соҳилро шахси ғарқшуда беҳтар медонаду қадри сулҳро одами ҷангдида. Ноҳияи мо - Қубодиён дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба яке аз нуқтаҳои доғ табдил ёфта буд. Баробари сар задани нооромиҳо куштору ғорат дар ҳама гӯшаҳои ноҳияи мо авҷ гирифт.

Ҳамсояҳои ғайритоҷикамон, ки солҳои сол бо мо сари як дастурхон нон хӯрдаву маъракаҳои худро бо иштироки якдигар мегузаронидем, қасди ҷони мо карданд. Мани 16-солаву хоҳари 14-солаам, аз фарзандони азиз ба балои ҷони падару модарамон табдил шудем. Чунки рӯйирост борҳо бо силоҳ ба хонаи мо зада даромада ману хоҳарамро бурданӣ шуданд. Вале падарам гуфт, ки агар бикушед ҳам маро, намегузорам то духтаронамро баред. Онҳо падари бечораамро он қадар лату кӯб карданд, ки дигар нерӯи ба по рост истоданро надошт.





Силоҳдорон ба манзили одамон даромада ҳар чизеро, ки мехостанд мебурданд, боқии онро оташ мезаданд. Одамони бегуноҳро бо баҳонаи он ки ту муллоӣ, намоз мехонӣ ва ё ин ки ба митинг рафта будӣ мекуштанд ва ё азобу шиканҷа медонанд. Аз як хонаводаи ҳамсояи мо 6 нафарро куштанд. 5 писар ва падарашонро дар пеши чашми модари бечора ба қатл расонданд. Ҳоло ҳам он модари бечора зинда аст, вале дигар аз ақл бегона мебошад.

Як шабе аз он рӯзҳое, ки қатлу куштори одамони бегуноҳ хеле зиёд шуда буд, аҳли хонаводаи мо ва боз ҳамсояҳои дигар пойи пиёда роҳ ҷониби пойтахт гирифтем. Бо чӣ азобҳое талу теппа ва роҳи даштҳои мушкилгузари Эсанбойро тай кардем, ки пойҳоямон варам кардаву хуншор шуданд. Дигар маҷоли пӯшидани пойафзол набуд ва ҳама пойи луч роҳ мерафтем. Ҳама манзилҳояшонро тарк карда буданд. Қисме ҷониби Афғонистону қисме ҷониби пойтахт ва қисме ҳам ба ҷойҳои дигар гурехтанд.

Ҳодисае ҳаргиз аз ёдам намеравад. Яке аз ҳамдеҳагони мо - ҷавонзане, ки як кӯдаки роҳгардону яктои дигар 7-8-моҳа дар бағал дошт, дигар тоқат накарда фиғон бардошт, ки "мардум ба ман нахандед, дигар наметавонам!"-гӯён писарчаи парпечашро болои як санги калоне гузошту худ дасти кӯдаки роҳгардонашро гирифта ашкрезон ба издиҳоми мардуми гуреза ҳамроҳ шуд.

Мо хеле роҳ рафтем, вале ҳамаи занҳо гӯиё як пораи дилашонро болои он санги сари роҳ гузошта бошанд, гирякунон ақиб гашта нигоҳе мекарданду ноилоҷ роҳашонро идома медоданд. Ман ҳам беист барои он тифлак гиря мекардам ва дар дил мегуфтам, шояд ин тифлак ғизои кадом гург ё сагҳои гурусна шавад ва ин хаёлҳо дар дили ман хоҳишеро пайдо карда буд, ки давида рафта кӯдакро бигирам. Охири тирамоҳ буд ва ҳаво сард ва он кӯдак дар ҳоле ки парпечашро пойзанон кушодаву аз сардии ҳаво хунук хӯрдаву беист гиря мекард, модаркалонаш дигар тоқат накарда пас гашту ӯро аз болои санг гирифт ва ба мо ҳамроҳ шуд.

Азобу шиканҷаҳои мо дар шаҳри Душанбе дучанд афзуд. Моро, ки ба як ҳоли зоре гуруснаву ташна ба пойтахт расида будем, дар як биное дар наздикии бинои "Сирк" ҷой карданд. Ҳар замон силоҳдорон омада ҷавонзанону духтарони қадрасро бо баҳонаи либосшӯиву косашӯйӣ мебурданд ва бо ҳамин онҳо бедарак мешуданд. Ману хоҳарамро модарам зери тахти кӯрпаҳо хобонида худаш, ки зани қавиҷуссае буд, баробари омадани силоҳдорон дар пеши мо менишаст. Оҳ, он азобҳо ҳаргиз аз ёдам намеравад. Дар зери кӯрпаҳо арақам шашқатор мерехту нафасам ҳар замон мегирифт. Бо як паҳлӯ чандин шабонарӯз хобидаам. Баъдан як хешованди дурамон маро барои писараш хостгорӣ кард. Падару модарам аз он ки ақаллан бори номус аз душашон андаке камтар мешавад, маро зуд тӯй карда ба писари хешовандамон доданд. Хоҳарамро низ ба писари як шиноси дигарамон никоҳ карданд ва оҳи сабук кашиданд.

Ман, ки мисли духтарони дигар тӯйи арӯсии худро тасаввур карда ҳазор орзуҳоро дар дил меарваридам, бо як пироҳану поҷомаи янгаи домод ва як сарбанди нав ба хонаи шаҳвар рафтам. Тӯи маро дар бошишгоҳи гурезаҳо бо ҳамагӣ 4 кило картошкаву пиёз ва 5 кило гӯшту каме равған гузаронданд. Қиссаи никоҳ карданам бошад, хеле хандаовар аст. Дар ҷустуҷӯи як домулло, ки моро бояд никоҳ мекард, наздикони ман чандин рӯз саргардон шуданд. Аз тарс ҳар касе, ки аҳли намозу қуръонхон буд, он рӯзҳо инро пинҳон мекард. Ёдам ҳаст, дар деҳаи мо чандин мурдаҳоро аз тарси ҷон ҷаноза накарда, бурда болои ҳам дар чуқуриҳо гӯрониданд. Хуб, биёем, сари қиссаи никоҳ кардани ман, ки ҳоло ҳам ба ёд оварда ману шавҳарам механдем.

Як муллоро ниҳоят хешу таборамон ҷустуҷӯ карда ёфтанд. Ин домулло аз тарс ришашро тарошида дар манзили кадом хешовандаш пинҳон шуда будааст. Муллоро пайдо кардем, лекин розӣ карданаш коре буд мушкил. Вай гуфт, ба шарте рафта никоҳ мекунад, ки ягон нафари бегона набошад. Мо ба ҳама шартҳои мулло розӣ шудем, лекин дар рӯзи никоҳ муллои бо азобе ёфтаамонро гум кардем. Рӯзе, ки бояд мулло ҳамроҳи ман, яъне арӯс ва чанде хешу табор савори автобуси рақами 18 шуда, ба хонаи домод мерафтем, дар истгоҳ соатҳои дарозе интизори мулло истодем, вале ӯ наомад. Қарибии бегоҳ бо автобус ба хонаи домод бе мулло омадем. Маълум шуд, ки мулло роҳгум задааст ва ба автобуси дигар савор шуда, ба кадом гӯшаи дигари шаҳр рафтааст. Боз як шабонарӯзи дигар ҷустуҷӯ намуда, муллои дигареро пайдо карданду моро ба никоҳи ҳамдигар дароварданд.

Ҳарчанд солҳои зиёде аз байн гузаштааст, маро дугонаҳо ва хешу табор шӯхикунон "автобуси 18" ном бурда механданд. Ман, ки худ як одами шӯхтабиат ҳастам, аз ин шӯхиҳо намеранҷам ва мегӯям, чӣ кунам, ки ҳамаро бо мошинҳои ороставу гулбаста ба хонаи домод баранд, маро бо автобуси 18 бурданд.

Шукронаи Худо, ки шавҳарам ва наздикониаш одамони хубанд ва аз зиндагиам шикояте надорам. Аз ҷиҳози хонаву рӯзгор ҳоло ҳама чизро ёфтам ва ду духтарчаи нозанин низ дорам. Ободиву пешрафтҳоро дар ҳар нуқоти сарзаминамон дида, дилам аз шодӣ дар қафаси сина пар-пар мезанад. Он писараке, ки модараш болои санг гузошта буд, ҳоло писари зебову баркамоле шудаву дар донишгоҳ мехонад. Ҳарчанд ба модараш ҳанӯз ҳам чандон рӯи хуш намедиҳад ва аз модаркалонаш сипосгузор аст, ки ӯро гирифтаву аз марг наҷот додааст.

Пас аз расидан ба сулҳу субот чуқуриҳоро кофтаву ҷасади ҳамдиёрони шаҳидро аз нав шуставу бо кафану ҷаноза ба хок супурданд.Вале ягона чизе, ки дили маро озор медиҳад, ин аст ки аксарияти онҳое, ки ба сари ҳамсояҳои нонхӯру намакхӯрашон силоҳ кашиданду аз дами корд мардуми бегуноҳро гузарониданд, то имрӯз ҳеҷ як муҷозоте надиданд. Ҳарчанд мо худ шоҳид будем, ки бисёрии онҳоро Худованд дар додгоҳи худаш ба ҷазоҳои алим гирифтор кард.

Ҳамон пиразани ҳамсояи мо, ки шавҳару писаронашро дар пеши чашмонаш ба қатл расонида буданд, аксҳои ҷигаргӯшҳояш дар даст гирифта, дар кӯчаву паскӯчаҳо мегардад ва бо он аксҳо, ки ҳоло хеле кӯҳнаву фарсудаанд, сӯҳбат мекунад. Гоҳ мегиряду гоҳ механдад. Наслҳои баъдӣ, ки он рӯзҳои мудҳишро надидаанд, ба ҳоли он модари бечора механданду ман бошам мегирям. Мегиряму шукронаи оромиву суботи дар кишвар мекунам. Дуо мекунам, ки ҳафт пушти ояндаам он рӯзҳоро дар хоби шабашон ҳам набинанд.

Гавҳар Розиқова, сокини шаҳри Душанбе

Масъули бахш: Сафаргул Олимӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG