Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати аъзои тими "Локомотив" дар роҳ ба сӯи Минск


Ҳавопаймои ҳомили тими хоккейи Ярославл, қаҳрамони секаратаи Русия, рӯзи чаҳоршанбе суқут кард, ки бар асари он 43 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳавопаймои Як-42, ки озими шаҳри Минск буд, зимни бархостан аз фурудгоҳи Туношинаи вилояти Ярославл, воқеъ дар 250-километрии шаҳри Маскав, ба қадри кофӣ баланд нарафт ва ба замин бархӯрд.
Тими "Локомотив", ки соли 1949 таъсис ёфтааст ва се бор қаҳрамони хоккейи Русия шудааст, қарор буд, рӯзи ҷумъа дар мавсими нави бозиҳои соли 2011-2012 бо тими "Динамо"-и Минск бозӣ кунад...


Сергей Мирошниченко, сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия доир ба ҳодиса чунин гуфт: "Бар асоси иттилои муқаддамотӣ ҳавопаймо 45 сарнишин дошт, 37 мусофир ва 8 халабон. То соати 18 ба вақти Маскав, ду нафарро ба шифохонаи шаҳри Ярославл оварданд ва 27 ҷасад пайдо карданд."

Ҳавопаймо, ки дар ҳавои соф суқут кард, дуввумин сониҳаи ҳавопаймоӣ дар соли равон аст ва дигарбора мушкилоти амниятӣ дар ҳавопаймоҳои Русияро нишон дод. Фоҷиаи ҳавопаймо талафоти бузурге барои хоккейи Русия аст, чун тамоми аъзои тими "Локомотив"-и шаҳри Ярославл дар ин сониҳа ҷон доданд.

Владимир Малков, сухангӯи даста ба телевизиони “Вести”-и Русия гуфт: "Ҳавопаймо соати 16 бархоста буд ва дастаро барои бозӣ ба Минск мебурд. Тамоми 37 узви даста дар ҳавопаймо буданд, тамоми даста."



Тими "Локомотив", ки соли 1949 таъсис ёфтааст ва се бор қаҳрамони хоккейи Русия шудааст, қарор буд, рӯзи ҷумъа дар мавсими нави бозиҳои соли 2011-2012 бо тими "Динамо"-и Минск бозӣ кунад. Мураббии тим, Бред Макримон, шаҳрванди Канада аст ва дар он чанд бозигар аз Украина, Шветсия, Белорус ва ҷумҳурии Чех бозӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ дар ҳавопаймо 11 шаҳрванди хориҷӣ ҳузур доштаанд.

Владислав Третяк, раиси Федератсиюни хоккейи Русия доир ба ин фоҷиа дар шаҳри Маскав гуфт: "Мо нахуст ба ҳамаи аъзои хонаводаҳои қурбониён ва дастаи Ярославл ибрози тассалият мекунем. Мехоҳам бигӯям, ки ин як талафоти бузург барои хоккейи Русия аст, зеро мо дар он даста бозигарони бисёр хубе доштем."

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия қарор аст, имрӯз аз маҳалли суқути ҳавопаймо дидан кунад. Бори дуввум аст, ки Русия дар ҳамин сол шоҳиди чунин фоҷиаҳо мешавад. Рӯзи 20-уми июн ҳавопаймои Ту-134 дар минтақаи Карелия суқут кард, ки дар натиҷа 47 нафар ба ҳалокат расида буданд. Моҳи июл ҳавопаймои мусофирбари Ан-24 дар фазо оташ гирифт, вале ба халабон муяссар шуд, онро ба замин беосеб нишонад.

Пас аз ин фалокат, Дмитрий Медведев дастур дод, то ҳавопаймоҳои мероси замони Шӯравӣ то замони тафтиши иловагӣ парвоз накунанд ва Русия батадриҷ аз баҳри ин ҳавопаймоҳо гузарад. Ҳарчанд сабаби фалокати моҳи июнро иштибоҳи халабон гуфтанд, вале фасодкорӣ, меъёрҳои саҳлангоронаи амниятӣ, нигоҳубини номуносиб ва бепарвоӣ нисбат ба муқаррароти амниятӣ, аз сабабҳои аслии суқути ҳавопаймоҳо дар Русия дониста мешавад.

Юрий Чайка, додситони кулли Русия, дастур додааст, то таҳқиқ шавад, ки ширкати “Як Сервис” соҳиби ҳавопаймои суқуткарда ва масъулони фурудгоҳ то куҷо меъёрҳои амниятиро риоят мекунанд. Ҳавопаймои Як-42 соли 1970 тавлид шуд ва он бояд ҷойи ҳавопаймоҳои Ан ва Ту-134-ро мегирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG