Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса Сурияро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кард


Алан Жупе, вазири умури хориҷаи Фаронса, режими раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асадро ба иртикоби ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кард. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт: "Режими Сурия муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шудааст. Ва он шеваи саркӯби тазоҳуроти мардумӣ аз тарафи режим, ғайриқобили қабул аст." Алан Жупе ибрози умедворӣ кард, ки Русия ҳам ба сафи кишварҳои таҳримкунандаи Сурия бипайвандад. Моҳи гузашта панҷ кишвари ғарбӣ дар Созмони Милал алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия тарҳи қатъномаи таҳримотӣ омода карданд, аммо ба муқовимати Чину Русия рӯ ба рӯ шуданд. Айни замон мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, артиш бо идомаи саркӯби тазоҳургарон дар шаҳри Ҳомс дирӯз 12 нафари дигарро кушт. Ба гуфтаи Созмони Милал сар аз моҳи март аз замони оғози тазоҳурот дар Сурия то кунун бештар аз 2200 тазоҳургар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG