Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як "тундгарои исломӣ" дар Исфара


Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар шимоли Тоҷикистон як узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро боздошт карданд, ки мехост, амалиёти терористӣ анҷом диҳад. Вазорати умури дохила ҳуввияти ин фардро ошкор накарда, вале гуфтааст, ҷавони 35-сола дар ноҳияи Исфара боздошт шудааст ва аз тобеъони Расул Охунов, раҳбари ҳалқаи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар вилояти Суғд будааст. Созмони мазкур, ки дар солҳои 90-ум дар кишвари ҳамсоя таъсис ёфтааст, созмони террористӣ ва ҳамақидаи Ал-Қоида маҳсуб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG