Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: "Захираҳои силоҳҳои химиявии Либия дар амон аст"


Созмони Милал эълом кард, ба рағми бесуботӣ дар Либия захираҳои силоҳҳои химиявии кишвар дар амон аст. Аҳмад Узумчӣ, мудири Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ бо ибрози ин матлаб ҳамчунин гуфт, “нозирони созмон омодаанд, бо расидани шароити мусоид, ба Либия бозгарданд ва бар амалиёти маҳви газҳои кушандаи Либия” назорат кунанд. Аммо айни замон куҷо будани худи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи Либия маълум нест. Ҳукумати муваққати Либия мегӯяд, Қаззофӣ шояд ба зодгоҳаш шаҳри Сирте ва ё ҷумҳурии ҳамсояи Нигер фирор кардааст. Аммо Мару Амаду, вазири адлияи Нигер гуфт, Муаммар Қаззофӣ дар кишвари онҳо нест.
XS
SM
MD
LG