Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯпошии империяи бузурги Шӯравӣ агарчӣ барои бархе аз сокинони Тоҷикистон хушоянд буд, аммо аксарият онро ба дард қабул кардаанд.

Аз ҷумла ин рухдод барои Сарвиноз, як ҷавони тоҷик, ки он замон ҳамагӣ 19 сол дошт, фоҷиа будааст. Дар ҳоле ки қисмати зиёди ҷавонон дар ҷашнҳои вобаста ба 20-умин солгарди истиқлолияти
Ягон нафар дар сар андешаи ба куҷо ва ба кадом кишвар ё шаҳр барои кор рафтанро надошт. Аз якдигар мепурсидем, ки кӣ ба куҷо ҳуҷҷат месупорад...
Тоҷикистон иштирок мекунанд, ӯ ҳамоно аз фурӯпошии Шӯравӣ
таассуф мехӯрад.

Ӯ мегӯяд: "Мо ба шаҳр ба хондан мерафтем, касе нигарон набуд. Ором мерафтему меомадем. Ҳоло писарам агар ним соат дер кунад, метарсам. Дар замони Шӯравӣ милиса (пулис) ҳомии мо буд, ҳоло мо милисаро бинем, метарсем..."

Аммо гурӯҳе дигар аз ҷавонони тоҷик баръакси Сарвиноз дар мавриди пошхӯриии ин кишвари абарқудрат ва истиқлоли Тоҷикистон комилан андешаи дигар доранд. Ин насл бо таваҷҷӯҳ ҷойгоҳи арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар он замон мегӯянд, ки Шӯравии пешин низоми нондеҳи ом буд, аммо арзишҳои миллиро зери по мекард. Ба бовари онҳо, сиёсатҳои якатозии коммунистӣ, ки атеизм ё бехудоиро ғояи давлати Шӯравӣ қарор дода буд, зарбае ба тани он зад.



Муҳаммади Фармонзода, ки ҳангоми истиқлоляти Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор сол син дошт, аз Шӯравӣ бо такя ба гуфтаи бузургсолони хонаводааш хотироти хубе надорад. Ба бовари Муҳаммад, Шӯравии пешин тӯли ҳафтод соли мавҷудияташ мағзи миллатҳо, аз он ҷумла миллати тоҷикро шуст: "Фарҳанги миллии моро дар тӯли 70 сол аз байн бурд. Ҳоло дар як бистсола мо заррае аз он фарҳанги харобшударо эҳё карда наметавонем."

Муҳаммади Фармонзода
Ҷаноби Фармонзода замони истиқлолро барои худ замони озодии комил медонад ва мегӯяд, истиқлолият барои ӯ озодии мазҳабӣ низ додааст, ки дар гузашта падару бобояш онро надоштанд ё дар иҷрои фароизи динӣ хеле маҳдуд буданд.

Вале назари Сарвиноз дар мавриди бархӯрди Шӯравӣ бо рӯҳониён комилан дигар аст. Вай мегӯяд, Шӯравӣ кори дурусте мекард, ки рӯҳониёни хурофтопарастро ҳабс менамуд ё аз болои онҳо назорати шадид мебурд. Ӯ меафзояд, муҳимтар аз ҳама агар Шӯравӣ побарҷо мебуд, имрӯз вай соҳиби кори хубе мешуд ва дар шароити дигаре зиндагӣ дошт. Зеро ба андешаи ӯ дар Шӯравӣ ба савод ва дониш аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва барои ба ҷое кор рафтан "тағо" ё маблағе ҳам лозим набуд: "Мо аз 60 то 90 нафар хатмкунадаи як мактаб будем. Ягон нафар дар сар андешаи ба куҷо ва ба кадом кишвар ё шаҳр барои кор рафтанро надошт. Аз якдигар мепурсидем, ки кӣ ба куҷо ҳуҷҷат месупорад. Ҳоло дар вақти хатми мактаб мегӯянд, ки як ду-сол ба муҳоҷират меравам, пул ҷамъ карда баъд ба Донишгоҳ шомил мешавам. Ин гапҳо дар Шӯравӣ набуд."

Сарвинозро ин андеша озор медиҳад, ки ҳоло тоҷикон дар Русия на ҳамчун як шаҳрванд, балки чун муҳоҷир ба сар мебаранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар Шӯравӣ мо лашкари азими беш аз як миллионнафарии муҳоҷире, ки ҳуқуқаш поймолу шароити баде дорад, надоштем. Ба гуфтаи ӯ агар Шӯравӣ мебуд, ҳоло касе дар муҳоҷират не, балки дар ватани худ, яъне дар гӯшаҳои Шӯравӣ озодона мегашт ва кору фаъолият мекард.

Аммо Муҳаммад, ҳамсӯҳбати дигари мо аз насли истиқлоли Тоҷикистон, гуфтаҳои ахири Сарвинозро аз як сӯ тасдиқ мекунад, аз сӯи дигар мегӯяд, ин ҳама мушкили гузаранда аст ва дар ояндаи наздик ҳама чиз хуб хоҳад шуд: "Бале, мо мушкил дорем. Аммо ободӣ ҳам дорем. Имрӯз аз сохтмони иншооти ҷамъиятӣ дида қасрҳои алоҳида қомат меафрозанд, ки ин молкияти 5 дарсади ҷомеаи мо аст. Яъне онҳое, ки пулу мансаб доранд. Боқимонда дар такудави нони даҳани худу фарзандонаш аст."

Муҳаммад пас аз хатми мактаб то кунун ду бор ҷои корашро иваз кардааст, ба иллати камии маош. Илова бар ин, бо назардошти зарурати иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул аст.

Сарвиноз мегӯяд, ӯ ҳанӯз аз 18-солагӣ дар баробари донишҷӯ буданаш кор мекард ва моҳе 180 сум маош мегирифт, ки маоши муносибе дар замони Шӯравӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG