Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути Як-42 ҳаёти 43 нафарро аз байн бурд


Вазорати вазъиятҳои фавқулодаи Русия мегӯяд, бар асари суқути ҳавопаймо дар наздикиҳои шаҳри Ярославл-250 километрии шимолу шарқи Маскав, камаш 43 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳавопаймои Як-42 бо 8 узви экипаж ва 37 аъзои аъзои дастаи ҳоккеи Локомотив Ярославл парвоз доштаву аснои сарнагуншавии он фақат ду сарнишин наҷот ёфтааст.Аҳволи ҳар ду вазнин будааст. Дар дастаи Локомотив Ярославл мураббӣ аз Канада ва чанд варзишгари хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекарданд.
Тибқи гузориши расонаҳои Русия ҳавопаймо дар масири Ярослав-Минск ҳаракат дошт, вале дар оғози парвоз дар масофаи ду километрӣ аз фурудгоҳи Ярославл пора-пора шуд.
XS
SM
MD
LG