Пайвандҳои дастрасӣ

Қамчӣ Бишкекский аз зиндони Абу Забӣ озод шудааст


Kyrgyzstan - Kamchy Kolbaev, crime leader, undated

Kyrgyzstan - Kamchy Kolbaev, crime leader, undated

Як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар рӯйхати сарпарастони ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир шомил мебошад, аз боздоштгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб озод шудааст. Вакили мудофиа Икромиддин Айтқулов мегӯяд, рӯзи 6-уми сентябр Қамчӣ Колбаев аз боздоштгоҳи аморати Абу Забӣ раҳо гашт, зеро даст доштани ӯ дар дуздии ҷавоҳирот собит нашуд.
Мақомоти қирғиз мегӯянд, Колбаев раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад, ки дар фаъолиятҳои мухталифи ҷиноӣ, аз муомила бо маводи мухаддир то кӯшишҳои куштори одамон, саҳм дорад. Моҳи июн президенти ИМА Барак Обама Колбаевро дар қатори ҳафт нафар ба рӯйхати ҷаҳонии сарпарастони ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи
мухаддир шомил кард.
Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Мелис Турганбоев мегӯяд, дар гузашта Колбаев бо яке аз бародарони президенти барканоршудаи қирғиз Қурмонбек Боқиев доду гирифт дошт.
Колбаев, ки бо лақабҳои Қамчӣ Бишкекский ва Коля Қирғиз ном баровардааст, августи соли 1974 дар шаҳри шимолии Чолпон Отаи Қирғизистон ба дунё омадааст.
XS
SM
MD
LG