Пайвандҳои дастрасӣ

Украина:Nord Stream ба содирот таъсир намегузорад


Russia -- "Nord stream" gas pipeline scheme, adated

Russia -- "Nord stream" gas pipeline scheme, adated

Имрӯз вазири энергетикаи Украина Юрий Бойко изҳор намуд, ки лӯлаи нави гази Русия ба Олмон, ки бо номи Nord Stream ё худ Ҷараёни шимолӣ маъруф аст, ба транзити гази табиӣ тавассути Украина таъсири бузурге нахоҳад гузошт. Рӯзи сешанбе Русия маросими ифтитоҳи Ҷараёни шимолиро доир намуд ва пешбинӣ мешавад, ки моҳи октябр Русия содироти мустақими газ ба Олмон ва аз он ҷо ба мамолики дигари аврупоиро оғоз мекунад. Дар ҳоле ки Русия солона тариқи Украина беш аз 100 миллиард метри мукааб гази табииро ба Аврупо содир мекунад, Ҷараёни шимолӣ метавонад солона фақат то 55 миллиард метри мукаабро интиқол диҳад. Феълан Русия ва Украина рӯи нархи газ баҳс доранд. Бойко мегӯяд, ки ҳоло Киев имкони харидории газ аз Туркманистонро, ки дар соли 2006-ум мутаваққиф шуда буд, арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG