Пайвандҳои дастрасӣ

Газпром ширкатҳои бузурги Қирғизистонро мехарад


 Алексей Миллер-мудири Газпром

Алексей Миллер-мудири Газпром

Раиси ширкати Газпроми Русия Алексей Миллер имрӯз ба Бишкек сафар кардааст. Ширкати давлатии Газпром тасмим дорад, ба хотири таҳқиқи конҳои нефту гази Қирғизистон 100 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Миллер бо сарвазири Қирғизистон Алмос Отамбоев дидору гуфтугӯ дошт. Раиси Газпром мегӯяд, ӯ бо ҳукумати Қирғизистон санади харидории ширкатҳои Қирғизгаз ва Қирғизнефтегазро баррасӣ мекунад. Ба қавли Миллер Газпром ба назму суботи дарозмуддати Қирғизистон бовар дорад ва ба зудӣ ин кишвар барои саромягузорон ҷолиб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG