Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қулибоев мегӯяд, даъвои раёсатҷумҳурӣ надорад


Kazakhstan -- Timur Kulibaev, head of sovereign wealth fund Samruk-Kazyna and President's son-in-law, at a news conference in Astana, 07Sep2011
Kazakhstan -- Timur Kulibaev, head of sovereign wealth fund Samruk-Kazyna and President's son-in-law, at a news conference in Astana, 07Sep2011
Домоди президенти Қазоқистон Темур Қулибоев, ки аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун вориси раёсатҷумҳурии президент Нурсултон Назарбоев дониста мешавад, мегӯяд, ӯ ҳадаф надорад, ки дар ояндаи наздик вориди сиёсат шавад. Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ Қулибоев гуфт, ӯ аз соҳибкорӣ қаноатманд аст, ба сиёсат дохил шуданӣ нест ва узви кадом ҳизбе низ намебошад. Қулибоев сарварии Самруқ –Хазинаи Қазоқистонро бар дӯш дорад. Ин бунёд фаъолияти хориҷии ширкатҳои бузурги давлатӣ ба монанди ширкати нафту гази “Казмунайгаз” ва ширкати ҳастаии “Казатомпром”-ро назорат мекунад. Моҳи июл президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 71-сола шуд. Ӯ то кунун дар бораи вориси раёсатҷумҳуриаш чизе нагуфтааст ва аз ин рӯ, бисёриҳо бар ин фикранд, ки маҳз Қулибоев номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Назарбоев мебошад. Аммо имрӯз Қулибоев гуфт: “Ҳоли президент хуб аст. Худо ба ӯ саломатии хуб додааст”.
XS
SM
MD
LG