Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори бандии тоҷик тақозо шудааст


Tajikistan -- Tajik journalists speak with family of Muhammyusuf Ismoilov, Tajik reporter in jail, Dushanbe, 18Aug2011
Tajikistan -- Tajik journalists speak with family of Muhammyusuf Ismoilov, Tajik reporter in jail, Dushanbe, 18Aug2011
Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон тақозо кардаанд, ки хабарнигори бандии нашрияи “Нури Зиндагӣ” то замони баргузории муҳокима аз зиндон раҳо гардад.
Дар арафаи Рӯзи ҳамдилии рӯзноманигорон 8-уми сентябр Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон маъруф бо номи НАНСМИТ ва созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” изҳороте пахш намуда, таваҷҷӯҳи президенти Тоҷикистонро ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзноманигори нашрияи “Нури Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт ҷалб кардаанд.
Исмоилов 23-уми ноябри соли 2010-ум ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо ангезиши ихтилоф миёни мазҳабу қавмҳо ва маҳалҳо, таҳқир ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешавад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯянд, ин айбнома бо фаъолияти касбии Исмоилов дар расонаҳои мухталиф, ки ҳадаф аз он мубориза бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ мебошад, робита дорад.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд:
Исмоилов ҷинояте содир накардааст, ки бояд дар маҳбас бошад. Ба ҳамин хотир бори дигар дар арафи Рӯзи ҳамраъйии рӯзноманигорон аз ҷониби созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” ва аз ҷониби анҷумани худ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардем.”
Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманингорон аз президенти Тоҷикистон хостаанд, ки ба муҳокимаи одилонаи парвандаи Исмоилов кумак расонад.
XS
SM
MD
LG