Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бомбгузории маргталабона дар Покистон


Pakistan - Pakistani security officials examine the site of a twin suicide bomb attack in Quetta, 07Sep2011

Pakistan - Pakistani security officials examine the site of a twin suicide bomb attack in Quetta, 07Sep2011

Полис мегӯяд, имрӯз бар асари ду бомбгузории маргталабона дар назди бинои мақоми баландпояи амниятӣ дар шаҳри ҷанубу ғарбии Кувайта (Quetta)-и Покистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расидаву 30 каси дигар захм бардоштаанд.Ба қавли полис яке аз бомбгузорон мошини саршор аз маводи таркандаро дар назди хонаи муовини фармондеҳи нерӯҳои ниманизомии шаҳр мунфаҷир кард. Бомбгузори дуюм бошад, худро дар дохили хонаи ин фармондеҳ мунфаҷир кард. Ягон гурӯҳ масъулияти бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Гурӯҳи ниманизомии маъруф бо номи Фронтиер корпус (The Frontier Corps) рӯзи душанбе дар амалиёти ҳабси як аъзои баландпояи созмони террористии ал-Қоида ширкат варзида буд. Кувайта маркази вилояти Балуҷистони Покистон буда, бо Афғонистону Эрон ҳаммарз аст. Дар ин устон ал-Қоида, толибони ҷангҷӯй ва ҷудоихоҳони балуҷ фаъол мебошанд.
XS
SM
MD
LG