Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Баҳси мухолифон ва тарафдорони ҳузури ҳарбии Русия


Мақомот ба изҳороти гурӯҳе аз мухолифони ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон вокуниш нишон надоданд.

Як мақоми аршади Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, тамдиди ҳузури ҳарбии Русия дар кишвар тасмими сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ва вазорати дифоъ то замони оғози гуфтушуниди ҳайатҳои ду ҷониб, ки қарор аст дар авоили
Дар муносибатҳои байнидавлатӣ мӯҳлатҳои 49 сол ё 50 сол қабул шудааст ва ин аслан аз усули дипломатӣ гирифта мешавад. Вале дар шартнома навишта мешавад, ки агар тарафе норозӣ бошад пешниҳод мекунад, ки ризо нест ва санад бекор мешавад...

соли оянда сурат гирад, зарур намешуморад, ин масъаларо шарҳ диҳад.

Дар баёнияе, ки наздик ба 50 нафар аз рӯшанфикрон имзо кардаанд, изҳороти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар бораи тамдиди 49-солаи ҳузури ҳарбии Русия “зарбаи сангин бар пайкари истиқлоли Тоҷикистон” унвон шуда, омадааст, “ҷаноби Медведев бояд барои эроди он суханони таҳқиромез аз мардуми Тоҷикистон расман узрхоҳӣ кунад.”

Бо таъкид ба ин ки мавзӯи мазкур ва сарнавишти чандиин насли баъдинаи як кишвар набояд муомилаи ду нафар пушти дарҳои баста бошад, муаллифон, ки дар байнашон чанде аз чеҳраҳои шинохташуда монанди Нуриддин Қаршибоев, Сайидмуҳиддин Дӯстов, Аҳмадшоҳи Комилзода, Дориюши Раҷабиён, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон ҳастанд, барои рӯшан шудани назари ҷомеа хостори баргузории ҳамапурсӣ шудаанд.



Яке аз муаллифони нома, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев дар бораи манзури нашри чунин баёния ба Радиои Озодӣ гуфт: "Манзури мо ин аст, ки президенте, ки барои як давраи муайян интихоб шудааст, ҳуқуқи хатти бутлон кашидан ба сарнавишти наслҳои баъдиро надорад."

Ҷаноби Қаршибоев афзуд, азбаски ин ҷо масъалаи обрӯ ва эътибори як миллат матраҳ аст ва аллакай дар расонаҳои Русия ин гузашти тарафи Тоҷикистон мавриди танзу тавҳин қарор ёфтааст, тасмими ниҳоиро дар ин бобат бояд мардуми Тоҷикистон бигирад.

Абдулло Ҳабибов
Аммо муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ҳарчанд барои ҳалли масоили муҳими ҷомеа референдум зарураст, суоли ҳузури идомадори пойгоҳи низомии Русия комилан масъалаи дигар аст. Вай меафзояд: "Як дақиқа тасаввур кунед, ки агар базаи Русия намебуд аз тарафи Узбакистон таҳдидҳои зиёде дар соли равон ба хоки Тоҷикистон сурат мегирифт, вале хушбахтона, вуҷуди ин база ба Узбакистон ин имконро намедиҳад."

Дар робита ба муддати минбаъдаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ки ангезаи асосии эътирози рӯшанфикрон шудааст, ҷаноби Ҳабибов боз ҳам ақидаи муатфовит дорад: "Дар муносибатҳои байнидавлатӣ мӯҳлатҳои 49 сол ё 50 сол қабул шудааст ва ин аслан аз усули дипломатӣ гирифта мешавад. Вале дар шартнома навишта мешавад, ки агар тарафе норозӣ бошад пешниҳод мекунад, ки ризо нест ва санад бекор мешавад. Ин ба хости ду кишвар вобастааст. Вале ман фикр мекунам, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳое, ки аз Афғонистон маншаъ мегирад, ҳатмист."

Муаллифони изҳорот ишора мекунанд, сиёсатмадорони Русия дар шарҳи таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон зиёдравӣ карда, аз мавҷудияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳайси шантажи сиёсӣ истифода мекунанд. Рӯшан аст, ки сармояҳои интиқолии муоҳҷирони тоҷик барои иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим аст ва ҳам бозгашти дастаҷамъонаи онҳо ба ватан, дар ҳоле ки ин ҷо шуғлу даромади кофӣ мавҷуд нест, метавонад сабаби ошӯбҳои иҷтимоӣ шавад.

Комёб Ҷалилов
Коршиноси Шӯъбаи сиёсӣ ва этнополитикии Маркази стротегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов, мегӯяд, ки сад дар сад аз гурӯҳи рӯшанфикрон пуштибонӣ мекунад ва куллан мухолифи ҳузури пойгоҳи низомии хориҷӣ дар Тоҷикистон аст: "Ман тамоман зидди вуҷуди пойгоҳи низомии кадом кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Чунки дар атрофи нерӯҳои хориҷӣ гурӯҳҳои мансабталошу мансабхоҳ ҷамъ мешаванд ва ҳадафи худро пиёда мекунанд. Шумо ҳодисаҳои нооромии кишварро дар ибтидои солҳои 1990 ба ёд оред, ҳамаи ҳодисаҳо дар атрофи дивизияи 201-и Русия мегузашт. Ҳам Маҳкамов ва ҳам Раҳмон Набиев ва ҳам Искандаров, Кенҷеев ва то имрӯз ҳар каси дигар дар ҳамин дивизияи 201-и Русия паноҳ бурда буд ва паноҳ мебарад. Вазъиятсозиро ҳам ҳамин дивизия мекард. Чӣ гуна мо боз мехоҳем, ки як нерӯи низомии кишвари бегона дар дохили кишвари мо бошад."

Саймиддин Дӯстов, муаллифи дигари номаи рӯшанфикрон мегӯяд, ки вазъи ҳоли ҳозири Тоҷикистон нишон медиҳад, ҳеҷ зарурате барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҷой надорад. Вай мефзояд, "осебпазирии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар матбуот Русия бозтоби нодурусте ёфтааст ва гӯё таҳдидҳое аз Афғонистон, яъне Толибону қочоқи маводи мухаддир, ифротгароии мазҳабӣ, таҳдид аз сӯи Узбакистон, эҳтимоли даргириҳои дохилӣ далоиле барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия баршумурда мешавад, комилан муғризона ва ҳадафмандона аст."

Аммо бо вуҷуди он ки эъломияи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар ҷомеаи тоҷик чунин баҳсу гуфтугӯҳоро ба миён овардааст, то замоне ки ин гузориш омода мешуд, ҳеҷ мақоме аз ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин баёноти рӯшанфикрон посухи расмӣ надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG