Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бори аввал дар таърихи роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон хатсайри «Хуҷанд -- Маскав» боз гардид.

Дар Хуҷанд аввалин бор ба муносибати иди истиқлолият паради ҳарбӣ баргузор гашт. Ҳамчунин бо ширкати намояндагони ҳамаи шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Суғд дар Кохи Рӯдакии шаҳр маҷлиси идона доир гашт, ки дар он сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов ширкат ва сухан намуд.

Дар ин ҷамъомад, ба иттитлои хабаргузории Азия-Плюс, аз дастовардҳои вилояти Суғд дар 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон сӯҳбат шуда, чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ҷоизаҳои давлатӣ гирифтанд. Дар ҳамин ҷаласа озмуни унвони ифтихории беҳтарин шаҳристони вилоят ҷамъбаст шуд ва ҷои аввал насиби шаҳри Қайроқум гашт. Ҷои дувумро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва савумро шаҳри Истаравшан гирифт. Ин озмунро ҳукумати вилояти суғд эълон карда буд.

Сипас, дар хиёбони Раҳмон Набиев, рӯбарӯи бинои ҳукумати вилоят паради ҳарбӣ ва намоиши кормандони идораву муассисаҳо баргузор шуд. Донишҷӯён парчамеро аз ин ҷо гузаронданд, ки гуфта мешавад, 500 метр дарозӣ дошт.

Рӯзи чаҳоршанбеи 7-уми сентябр, инчунин аз шаҳри Хуҷанд нахустин қатораи мусофирбар ба сӯи Маскав роҳ пеш хоҳад гирифт.

Саид Ғафуров, раҳбари идораи роҳи оҳани «Хуҷанд» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хатсайри нав бо мувофиқа бо ҷониби Русия ва Узбакистону Қазоқистон, ки қатораи тоҷик аз қаламрави онҳо ба тариқи тронзитӣ мегузарад, боз шудааст.

Вай афзуд, то замони истиқлолияти Тоҷикистон қисмати роҳи оҳани вилояти Суғд низ таҳти тобеияти мақомоти роҳи оҳани Узбакистон қарор дошт ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав бо тасмими Тошканд сурат мегирифт. То миёнаҳои солҳои 1990 аз Хуҷанд ба сӯи пойтахти Русия танҳо қатораи мусофирбари Андиҷон – Маскав ба таври транзитӣ убур мекард. Ҳамакнун тасмимгириҳо барои боз кардани хатсайрҳои нав аз истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба сӯи кишварҳои дигар ба дасти худи ин кишвар аст.

Навбатдори идораи роҳи оҳани «Хуҷанд» гуфт, аввалин қатораи мусофирбари Хуҷанд – Маскав бо ғунҷоиши 430 ҷойҳои тлатскарт ва купе баъди нимрӯзи 7 – уми сентябр роҳӣ хоҳад шуд. Арзиши билети як ҷойи платскарт 1081 ва купе 1516 сомонӣ аст. Вай афзуд, то ҳоли ҳозир беш аз 70 дар сади билетҳо фурӯхта шудааст. Қатораи ин хатсайр ҳар чаҳоршанбе як маротиба сафар мекунад. Ба гуфтаи Саид Ғафуров, раҳбари идораи роҳи оҳани «Хуҷанд», вагонҳои қатораи хатсайри Хуҷанд – Маскав дар корхонаи вагонсозии Тшканд таъмири куллӣ дидааст.

То ҳоли ҳозир аз Хуҷанд танҳо ба шаҳри Саратови Русия қатораи мусофирбар рӯзҳои панҷшанбеву шанбе ҳаракат мекунад, арзиши чиптаҳояш 910 ва 1275 сомонӣ аст.

Саид Ғафуров, раҳбари идораи роҳи оҳани «Хуҷанд» гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомоти роҳи оҳани тоҷик ба хотири боз кардани хатсайри нави Хуҷанд – Новосибирск бо ҷониби Русия ва кишварҳои транзитии Узбакистону Қазоқистон гуфтугӯ дорад ва дар сурати мувофақа қатораи мусофирбар ба самти шарқи Русия низ ба ҳаракат медарояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG