Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммар Қаззофӣ дар Либия аст?


Сухангӯяш мегӯяд, Муаммар Қаззофӣ раҳбари Либия дар қаламрави ҳамин кишвар ва сиҳату саломат аст. Мӯсо Иброҳим дар ин бора ба хабаргузории Рейтерс гуфт: "Ӯ дар Либия аст, амну саломат аст. Рӯҳияааш ҳам бисёр баланд аст.“ Пештар аз ин як корвони бузурги мошинҳои атрофиёни Муаммар Қаззофӣ ба Нигери ҳамсоя бо Либия ворид шудаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз давлати Нигер хостааст, тамоми атрофиёни Муаммар Қаззофиро боздошт кунад, ки баъзеи онҳо ба ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд. Айни замон муҳосираи Бани Валид яке аз такягоҳҳои охирини Муаммар Қаззофӣ дар Либия идома дорад. Шӯришиён аз тарафдорони Қаззофӣ хостаанд, бидуни ҷангу хунрезӣ дар шаҳр таслим шаванд, дар акси ҳол ба онҳо ҳамла хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG