Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти номаълуми Муаммар Қаззофӣ


Агарчӣ гурӯҳе аз атрофиёни Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба ҳамсоякишвари Нигер фирор кардаанд, аммо куҷо будани худи ӯ маълум нест. Бино ба гузоришҳо корвони иборат аз 50 мошини наздикони Қаззофӣ ба шаҳри Ниамей пойтахти Нигер расидааст. Мегӯянд, ки баъзе аз мансабдорони баландпояи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар ин корвон будаанд, аммо аломате аз ҳузури худи ӯву хонаводааш дар миёни он афрод дида нашудааст. Айни замон Иан Мартин, мушовири махсуси Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал дар Либия дирӯз дар шаҳри Троблус гуфт, ҳукумати нави мувақаттии Либия умедвор аст, Созмони Милал ба онҳо дар баргузории интихобот кӯмак хоҳад кард: "Баъди 42 соли беинтихоботӣ ва Қонуни Асосӣ, Либия ба марҳилаи гузариши демократӣ ворид мешавад. Ва албатта раҳбарони Шӯрои олии гузори Либия аз Созмони Милал интизор доранд, ки дар ҷараёни интихобот ба онҳо кӯмаки чашмгире кунад."
XS
SM
MD
LG