Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Ал-Арабӣ ба Сурияро ба таъхир андохтанд


Набил-ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, дар охирин лаҳза сафари барномарезишудааш ба Сурияро ба таъхир андохтааст. Интизор мерафт, ки ӯ зимни сафар ба Димишқ аз раҳбарони Сурия бихоҳад, ки ба саркӯби хунини тазоҳургарон хотима диҳад. Ба гуфтаи хабаргузории расмии Сурия, САНА, ҳукумат аз Набил Арабӣ хостааст, сафари худро ба таъхир андозад, вале сабаби онро нагуфтааст. Қарор буд, дабири кулли Иттиҳодияи Арабӣ имрӯз вориди Димишқ шавад ва аз тарафи ин созмон аз Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бихоҳад, ки ба хунрезӣ дар кишвар хотима дода, роҳи ислоҳоти сиёсиву иқтисодиро пеш бигирад. Ба гуфтаи Созмони Милал аз замони шурӯъи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар Сурия, аз нимаҳои моҳи март то кунун, нерӯҳои давлатӣ бештар аз 2200 нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG