Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи ғоибонаи Қурмонбек Боқиев


Як сиёсатмадори қирғиз мегӯяд, Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини кишвараш, аз тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарон дар соли гузашта огаҳ буд. Темур Сариев, раиси Ҳизби Бози Сафед, дар муҳокимаи додгоҳии Қурмонбек Боқиев ва 27 шарикони собиқи ӯ гуфт, атрофиёни раиси ҷумҳури пешин рӯзи 7 апрел пайваста Боқиевро аз вазъ дар шаҳри Бишкек огаҳ мекарданд ва ӯ медонист, ки нерӯҳои амниятӣ бо тирандозӣ тазоҳургаронро куштанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар даргирии миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар моҳи апрел дасти кам 90 нафар кушта ва 400 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъди ин ҳодиса ҳукумати Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон суқут кард ва ӯ ба Ҷумҳурии Белорус гурехт. Боқиевро дар ғайбаш муҳокима мекунанд.
XS
SM
MD
LG