Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон иддаои дипломати Амрикоро рад кард


Мақомоти Арманистон иддаои як дипломати амрикоиро рад карданд, ки дар мукотиботи маҳрамона гуфтааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Арманистон дар соли 2008 ба нафъи Серж Саркиссиён таққалуб кардаанд. Гарегин Озариён, раиси Кумиссиёни марказии интихоботи Арманистон, ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, чунин навиштаҳои Ҷозеф Пеннингтон, кордори сафорати Амрико дар Ереван, бо далел собит нашудааст. Номаи маҳрамонаи ин дипломат ба вазорати умури хориҷаи Амрико ҳафтаи гузашта дар торнамои Викиликс нашр шуд. Гарегин Озариён гуфтааст, Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури феълӣ дар интихобот, 53 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар ҳоле, ки Левон Тер-Петроссиён, рақиби ӯ фақат бештар аз 21 дар сади ороро соҳиб шудааст. Агарчӣ Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2008 дар Арманистон баҳои нисбатан мусбат додааст, аммо вазорати умури хориҷаи Амрико гуфта буд, ки интихобот олуда ба қонуншиканиҳои зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG