Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони нерӯҳои Қаззофӣ вориди Нигер шуд


Ду корвони мошину зиреҳпӯшҳо аз ҷануби Либия вориди шаҳри Ағодис, воқеъ дар қисмати марказии Нигер шуд.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, тақрибан 200-250 мошину зиреҳпӯшҳо аз тариқи қаламрави биёбонии Алҷазоир ба Ағодис омад. Сокинони маҳаллӣ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки корвонро низомиёни Нигер ва сарбозони саропо мусаллаҳи қабилаи таворуқҳо ё туарегҳо ҳамроҳӣ мекарданд.

Хабари вориди Нигер шудани нерӯҳои вафодор ба раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофиро манобеи низомии Фаронса ва худи Нигер ҳам тайид карданд. Як афсари фаронсавӣ дар сӯҳбат бо Рейтер ҳадс зад, ки писари калонии Қаззофӣ – Сайфулислом ва чанд генерали артиши Қаззофӣ аз тариқи корвони зиреҳпӯшҳо вориди шаҳри Ағодис шудаанд.

Дар шаҳри Ағодис фурудгоҳ мавҷуд аст ва аз он ҷо, ба навиштаи хабаргузориҳо, Қазззофӣ ва аҳли хонаводаву аъзои ҳукуматаш метавонанд ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ба Буркино Фасо парвоз кунанд.

Макони буду боши худи Қаззофӣ то ҳол маълум нест – манобеъи низомии Фаронса мегӯянд, ки агар Қаззофӣ ба Нигер нарафта бошад, пас шояд рӯзҳои наздик ба Буркино Фасо равад, ки мақомоташ ба ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ пешниҳод кардаанд. Ёдовар мешавем, аз ин пеш дигар пайвандони Қаззофӣ - хонумаш ва духтару ду писараш ба Алҷазоир фирор карда буданд.

Коршиносони низомӣ ба он нукта ишора мекунанд, ки ҳавопаймоҳои низомии НАТО аз убури корвони бузурги мошину зиреҳпӯшҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ аз марзи Либия ҷилавгирӣ накардаанд. Ва аммо дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар посух гуфт, ки ҳамла ба пайвандону наздикон ва ҳатто худи Қаззофӣ - берун аз мандатест, ки СММ барои Паймони НАТО муқаррар кардааст.

Ва аммо оё бо фирори нерӯҳои Қаззофӣ ва пайвандони раҳбари суқуткардаи Либия ба кишварҳои ҳамсоя ҷанг дар кишвар хотима хоҳад ёфт? Ё шояд Қаззофӣ бо назардошти сарвату сармояаш дар хориҷ нерӯи наву бузургтар омода карда, бо мадади қабилаи бонуфузе чун таворуқ барои дубора таҳти назорат гирифтани Либия талош кунад?

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили сиёсии муқими Лондон, мегӯяд, ки “ин ҷо ду ривоят аст – аввалӣ марбут ба тасмими ҳукумати ҳукумати Фаронса аст , ки бар пояи он Қаззофӣ ва хонаводааш аз роҳи Нигер ба Буркино Фасо бираванд ва дар он ҷо дар амну амон бошанд”. Ӯ меафзояд, ки агар ин ривоят дуруст бошад, “Қаззофӣ дигар думболи дарди сар нахоҳад буд, чун дар саҳнаи ҷангро бохтааст”. Ба гуфтаи коршинос, дар ин вазъ ӯ аз дур вазъро дар Либия наззора карда нерӯҳоро таҳрик медиҳад ва умедвор мемонад, ки байни аъзои ҳукумати интиқолӣ ва дигар гурӯҳҳо даргириҳо сурат бигиранд.

Алиризо Нуризода мегӯяд, “ривояти дигар ин аст, ки Қаззофӣ даст болои даст нахоҳад нишаст. Ӯ сармояи зиёде сарф карда, фирор намуд ва умедвор аст, ки бо мадади муздурони қабилаи тавориқ ва зархаридон аз Нигер, Чад, Судон ва дигар кишварҳо метавонад як артиш созмон диҳад ва ҷанги чирикиро ба роҳ андозад.”

Ва аммо дар ҳарду сурат, ба гуфтаи мусоҳиби мо, “парвандаи Қаззофӣ тамом шудааст ва бозгашти ӯ ба саҳнаи сиёсии Қаззофӣ байид ба назар мерасад”.

Ӯ меафзояд, ки “ҳар рӯз ҳатто барои онҳое, ки тарафдори Қаззофӣ буданд, далелҳои нав аз ҷиноёти раҳбари пешин ошкор мешавад, чашму гӯши мардум бозтар мешавад ва онҳо мебинанд, ки тайи 42 сол Қаззофӣ бо доштани садҳо миллиард доллар кори арзишманде барои Либия накардааст ва кишвар аз назари пизишкӣ, аз назари саноатӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ ақибмондатар аз бархе кишварҳои ақибмондаи Африқост, ҳарчанд сарватмандтарин кишвари қора маҳсуб мешуд”.
XS
SM
MD
LG