Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус расман ба мақоми нав нишаст


Генерал Петреус ҳангоми адои савганд
Генерал Петреус ҳангоми адои савганд
Генерал Девид Петреус, ки ба тозагӣ аз хидмати низомӣ истеъфо дод, имрӯз дар Кохи Сафед дар ҳузури ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба ҳайси мудири Идораи марказии ҷосусии Амрико савганд ёд кард. Интисоби Петреус ба ин мақом бахше аз тағйироти кадриест, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар тими амнияти миллиаш анҷом дод. Бар асоси ин тағйирот, мудири собиқи Идораи ҷосусӣ Леон Паннета - ба ҷои Роберт Гейтс вазири дифоъ таъйин шуд. Петреуси 58-сола дар пайи комёбиаш дар фурӯ нишондани доманаи ҷанги Ироқ эътибор пайдо кард. Ӯ масъулияти иҷрои стротежии нави Обама ба манзури шикастани мавҷи муқовимати Толибон дар Афғонистонро низ бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG