Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

49 сол тамдиди замони пойгоҳи Русия. Бар ивази чӣ?


Раҳбарони Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар шаҳри Душанбе

Раҳбарони Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар шаҳри Душанбе

Институти мушовирони русӣ ба сурате, ки аз соли 2005 то кунун амал мекард, амалан тағйир хоҳад кард.

Бар асоси Созишномаи наве, ки миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ ба имзо расидааст, институти мушовирони русӣ ба сурате, ки аз соли 2005 то кунун амал мекард, амалан тағйир хоҳад кард.

Ин ҳайат дигар аз мушовирон иборат нахоҳад буд ва бар асоси низомномаи нав танҳо дар сурати лузум ба ҳамтоёни тоҷики худ кӯмак
хоҳад кард. Дар ҳоле ки то кунун мушовирони русӣ дар дастаҳои марзбонии
Ҳоло остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар Тоҷикистон ҳаргиз интихоботи дуруст доир намешавад ва дар қудрат боқӣ мондани Раҳмон ҳатман вобаста аст ба муносибат Русия...
Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сурати мустақим дар марз мустақар буданд, акнун ҳайати нави марзбонони рус дар марз ба сурати бевосита қарор нахоҳанд дошт.

Инчунин ин намояндагӣ дигар ваколати гурӯҳӣ ва фавриро надошта ва аз Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия ба Намояндагии гурӯҳи марзбонӣ тағйири ном мекунад ва ҳаққи пешбурди кори оперативиро низ дар Тоҷикистон надорад. Ҳайати шахсии ин гурӯҳ дар Тоҷикистон аз 350 нафар то ҳудуди 200 нафар коҳиш пайдо хоҳанд кард.





МЕДВЕДЕВ БАЁН КАРД, РАҲМОН ҲАРФЕ НАЗАД...

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон то ҳудуди 30 нафар коҳиш додани теъдоди ҳайъати намояндагии нав пофишорӣ мекард, шарти ҷониби Русия ҳам ин буда, ки теъдод бояд то ҳадде бошад, ки раҳбари намояндагии марзбонӣ мақоми генералиро дошта бошад. Акнун ҳайати нави намояндагии марзбонии Русия дар Тоҷикистон то соли 2016 дар Тоҷикистон бо ваколату салоҳияти маҳдуде боқӣ хоҳанд монд.

Аммо чизе, ки бештар ҷалби таваҷҷӯҳ карда, хабарҳо роҷеъ ба тавофуқи Маскав ва Душанбе дар бораи тавофуқ бар сари тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аст. ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ, раисиҷумҳури Русия гуфта буд, ки Маскаву Душанбе роҷеъ ба тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия то 49 соли дигар ба созиш расидаанд. Ин баёния, ба гуфтаи коршиносоне, ки авзоъро таҳти назар доранд, то ҷое ғайри интизор буд.

ДУШАНБЕ ПУЛ МЕХОСТ. МАСКАВ ЧӢ ГУФТ?

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
Зеро дар як моҳи пеш ҲАМРОҲХОН ЗАРИФӢ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буд, ки мавзеъҳои ду ҷониб ба ҳадде ба ҳам наздик нашудаанд, ки роҷеъ ба тамдиди ҳузури пойгоҳ ва фурудгоҳи Айнӣ музокираи расмии бевоситаро оғоз кунанд. Ва дар ин миён иттилои ҷаноби Медведев аз як мувофиқаи бидуни пушти сар гузоштани давраҳои музокира ҳадсу гумонеро ба миён овардааст ва акнун суоли матраҳ ин аст, ки мавзӯи аслии мавриди муомилаи ду ҷониб чӣ буда?

Ё дақиқтараш бар ивази чӣ Тоҷикистон ба шароити Русия тан дар додааст. Дар ҳоле ки шарти аслии Тоҷикистон барои тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ва истифода аз пойгоҳи Айнӣ пардохти маблағ буд.

Коршиносон мегӯянд, аввалан ҷониби Тоҷикистон дар мавриди тавофуқ бо Русия аслан ҳеҷ гуна изҳори назар накардаанд. Яъне ин баёнияи Медведев аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон на ташреҳ шудааст, на рад ва на тасдиқ. Аммо бархе дигар коршиносон мегӯянд, Русия фурсати муҳимеро барои музокира дар мавриди хостаҳои худ интизор шуд ва он ҳам интихоботи пешорӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки қарор аст дар соли 2013 доир шавад.

РУСИЯ ВА ИНТИХОБОТИ СОЛИ 2013 ДАР ТОҶИКИСТОН

АМНИЯТИ АБДУЛНАЗАР, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон амалан наметавонад дар назди Русия шарте бигузорад ва ин муомила миёни гурӯҳи ҳоким ва Русия сурат гирифтааст ва дар ин миён манофеи усулии Тоҷикистон матраҳ нест. Балки танҳо шарт ба гуфтаи ӯ, ҳимояти Русия аз Эмомалӣ Раҳмон ва дар қудрат боқӣ мондани ӯ пас аз интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ аст.

Ҷаноби Абдулназар мегӯяд: "Сиёсатмадорони рус аз ин зовия ба қазия назар мекунанд, ки Тоҷикистон як кишвари мустақил ва ба сари худ нест. Аз ҳар ҷиҳат пойбанди Русия аст ва Русия ин ҷо ҳарчӣ хоста бошад, мекунад. Зиёда аз ин медонад дар кадом фурсат бо Тоҷикистон сӯҳбат бикунад. Ҳоло остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар Тоҷикистон ҳаргиз интихоботи дуруст доир намешавад ва дар қудрат боқӣ мондани Раҳмон ҳатман вобаста ба муносибат Русия аст. Ба ҳамин хотир ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ба ҳамаи масъалаҳое, ки манифати Русияро ифода мекунад, розӣ мешавад. Хоҳ ройгон бошад, хоҳ пулакӣ, розӣ мешавад."

ҶИЛАВГИРӢ АЗ ҲАРАКАТИ ТОЛИБОН БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ?


Аммо бархе дигар коршиносон мегӯянд, ки қудрат мавзӯи аслие аст, ки дар ин пасманзари ин музокирот ҳатман матраҳ аст, аммо ба сурати расмӣ баҳс сари он сурат намегирад. Юрий Биалӣ, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Русия мегӯяд, Маскав аз ЭМОМАЛӢ РАҲМОН дар шароити кунунӣ ҳимоят мекунад. Ва Раҳмон ҳам дигар чорае надошт, ба ҷуз аз ин ки ба хостаҳои Маскав тан дар диҳад. Зеро ӯ дар рубарӯи амалҳои анҷомшуда қарор гирифт.

Ҷаноби Биалӣ мегӯяд: "Мавзӯи калидӣ ин аст, ки нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд, Толибон ва нерӯҳои дигари тундрав, назири Ҳаракати исломии Узбакистон фаъол хоҳанд шуд, ки дар оянда шоҳиди ҳаракати онҳо ба сӯи шимол хоҳем буд, ба сӯи Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин. Русия роҳи дигаре ба ҷуз аз таҳкими ҳузури низомии худ ба манзури ҷилавгирӣ аз ин таҳдиди фазоянда надошт. Аз сӯи дигар, фармондеҳоне ба ҷуз Мулло Абдулло низ аз ҷумлаи тоҷикон вуҷуд доранд, ки нуфуз доранд ва рафтуомад мекунанд ва алоқаҳое ҳам доранд. Ба як маъно тӯфон наздик мешавад ва президент Раҳмон таҳдиди воқеиро аз ин ноҳия эҳсос мекунад. Ӯ иттилои комил дар ин бора дар ихтиёр дорад ва эҳсос намуд, ки бидуни Русия ба ин тӯфон посух гуфтан наметавонад ва ба ин далел ба тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия тавофуқ намуд."

ТАЪРИХИ СОЛИ 2004 ТАКРОР ХОҲАД ШУД?


Он чӣ гап дар бораи музокирот ва ҳадсу гумон роҷеъ ба он меравад, ба гуфтаи ин таҳлилгар ҳанӯз наметавон гуфт, ки Русия чӣ кӯлчақанде барои элитаи сиёсии Тоҷикистон ва шахси Раҳмон ваъда кардааст. Ин ҳадсу гумон махсуси ҳамаи музокирот аст. Таҳлилгарони расонаҳои русӣ гуфтаанд, ки Русия бар ивази ин тавофуқ ба Тоҷикистон на пул, балки техникаи низомӣ хоҳад дод.

Аммо бархе аз таҳлилгарони тоҷик боз ҳам ба ин боваранд, ки таърихи соли 2004 дар муносиботи ду кишвар такрор хоҳад шуд. Он замон низ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Тоҷикистон ва Русия ба баҳси худ роҷеъ ба пойгоҳи низомӣ поён доданд ва Душанбе ба истилоҳ ба сурати ройгон ҳузури пойгоҳи низомии Русияро иҷоза дод ва истгоҳи назорати кайҳонии Панҷара (Окно)-ро, ки дар ҷаҳон танҳо як намунаи дигар аз он вуҷуд дорад, ба Маскав ҳадя кард.

Аммо дар музокиротии соли 2004 низ аз чизе, ки коста шуд, нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон буд, ки баъди 110 сол ҳузур марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистону Чинро тарк намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG