Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 8 сарбози ироқӣ дар як шабехун


Сарбозон ва пулиси Ироқ - ҳадафи аслии чирикиҳо

Сарбозон ва пулиси Ироқ - ҳадафи аслии чирикиҳо

Бино ба хабарҳо, афроди мусаллаҳ дар як шабехун дар шимоли Ироқ 8 сарбози ироқиро кушта, мошини онҳоро оташ задаанд. Ин ҳамла алайҳи як посгоҳ дар канораи Ҳадиса, 190-километрии шимолуғарби Бағдод сурат гирифтааст. Дар пасманзари омодагии нирӯҳои Амрико ба хуруҷ аз Ироқ пулис ва артиши ин кишвар ба ҳадафи аслии ҳамлаҳои чирикиҳо табдил меёбад. Тайи 12 моҳи охир 588 маъмури пулис ва 418 сарбози ироқӣ кушта шуданд. Танҳо дар моҳи август дар Ироқ 45 пулис ва 39 сарбоз ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG