Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран савгандномаи омӯзгор таҳия шудааст, ки муносибати онҳоро ба шогирд ва волидонашон мушаххас менамояд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар заминаи як тавсиянома доир ба мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ, "савгандномаи омӯзгор"-ро таҳия кардааст, ки аз тарафи устодон ёд карда мешавад.
Қонун дар бораи масъулияти падару модар ва “савгандномаи устоди мактаб” дар ҳоле тасвиб шудаанд, ки дар 20 соли истиқлолият сифати таълиму тадрис дар макотиби ҳамагонӣ ба шиддат поин рафтааст...


Ин тавсиянома аз панҷ банд иборат буда, муносибати омӯзгорро бо шогирдон ва волидони онҳо мушаххас мекунад. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Сангов, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон, матни ин савганднома чунин будааст: "Ҳамчун омӯзгор Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистонро асос намуда, бо дарки масъулият ӯҳдадор мешавам, ки ба кори таълиму тарбия сидқан машғул мешавам, эҳтиром шаъну шараф ва эътибори ҳамкорон, шогирдону падару модаронро ба ҷо оварда ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуб баромад мекунам. Ҳамчун тарафдори таҳаммулпазирӣ дар ҳамагуна ҳолат тавсияҳои мақоми омӯзгориро қабул ва иҷро менамоям."




Аммо дар сӯҳбат чанд омӯзгори мактабҳои ҳамагонии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки бо оғози соли нави хониш ҳанӯз матни савганд ва тавсияномаро дарёфт накардаанд. Саида Гулпоччоева, омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Синои пойтахт гуфт, бинобар ҷалб шудани устодон ва шогирдон ба барномаи таҷлили 20-солагии истиқлолияти кишвар, низоми маъмулии хониш ҳанӯз дар мактабҳо ҷорӣ нашудааст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҳоле ин савганднома ва тависяномаи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимиро таҳия кардааст, ки дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ Қонуни масъулияти падару модар ба иҷро даромада буд. Банду фаслҳои ин Тавсиянома тақрибан шабеҳи ҳамин қонун мебошад.

Ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов, ки таҷрибаи меҳнатиашро аз омӯзгорӣ шурӯъ кардааст, мегӯяд, музди ночизи мактаб, шароити нокифояи таълиму парвариш, бебанду борӣ дар муносибати Вазорати маориф ба мактабу муаллиму шогирд ӯро водор кардааст, ки ба соҳибкорӣ даст занад.

Зафар Қурбонов, ҳуқуқдони тоҷик
Ба қавли ҷаноби Қурбонов беҳтар мебуд, агар Вазорати маориф ба ҷои тавсияномаву савгандномаҳо, талабаҳоро аз кӯчаву хиёбонҳо ба мактаб бармегардонд: "Дар ягон қонуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар Қонун дар бораи масъулияти падару модар навишта нашудааст, ки муаллим савганд ёд кунад. Муаллим як корманди ҷамъиятӣ аст. Чаро вазирон савганд ёд намекунанд, раиси ҷамоатҳо, ноҳияҳо бояд савганд ёд кунанд, ки вафодор ба масъулияти худ бошанд ва аз ҳуқуқи шаҳварандон пуштибонӣ кунанд ва барои мардум ҳалол кор кунанд ва шароитро беҳбуд бахшанд. Аслан савганд ёд кардани муаллим хандаовар аст."

Тавсияномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки савгандномаи омӯзгорон ҷузъе аз он мебошад арзиши ҳуқуқӣ низ дорад. Дар сурати сар задани моҷарое дар мактаб, ҷонибҳои вориди даъво, муаллим ва шогирд дар заминаи қонуни меҳнати Тоҷикистон ба ҷазо кашида мешаванд. Ҳуқуқшиноси Вазорати маорифи Тоҷикистон Сайвалӣ Қодиров мегӯяд: "Дар сурате ки омӯзгор ё шогирд шароитҳои дохили мактаб ва ё ин тавсияномаро риоёя накунад, мувофиқи Кодекси меҳнат мутобиқи моддаи 123 ба ҷазои интизомӣ кашида мешавад."

Ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон омӯзгорон бо шурӯи таълиму тадрис дар макотиби ҳамагонӣ ин савгандномаро дар Шӯрои олии муасисаи таълимӣ ба забон оварда вориди синфхонаҳо мешаванд. Ин савганднома ба устодони донишгоҳҳои олӣ дахл надоштааст.

Ҳам “Қонун дар бораи масъулияти падару модар” ва ҳам “савгандномаи устоди мактаб” дар ҳоле тасвиб шудаанд, ки дар 20 соли истиқлолият сифати таълиму тадрис дар макотиби ҳамагонӣ ба шиддат поин рафта, дониши шогирдон ҷавобгӯи барномаи таҳсил набудааст. Ҳамчунин бисёре аз талабаҳо пас аз хатми мактаби миёна дуруст хондаву навишта наметавонанд.

Аксаран талошҳои ҳукумат дар самти беҳбуд бахшидан ба соҳаи маорифро, ки бештар хусусияти декларативӣ доранд, кофӣ намедонанд. Зеро мушкили аслӣ кам будани маоши муаллим ва дилгарм набудани ӯ ба таълиму тадрис ҳал ношуда боқӣ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG