Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин озмоиши лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ"


Харитаи "Маҷрои шимолӣ"

Харитаи "Маҷрои шимолӣ"

Русия имрӯз дар як маросим дар шаҳри Виборг бо ҳузури сарвазир Владимир Путин ба интиқоли “фаннӣ”-и газ тавассути хатти аввали лӯлаи “Маҷрои шимолӣ” оғоз кард. Хатти дуввуми ин лӯлаи газ дар поёни соли 2012 такмил шуда, иқтидори ҳамлунақлии “Маҷрои шимолӣ”-ро ба 55 миллиард метри мукааб дар сол хоҳад расонд. Ҳазинаи эҳдоси ин лӯлаи гази 1244-километрӣ, ки аз зери баҳри Балтик ва бидуни убур аз кишварҳои транзитие, чун Украинаву Беларус хоҳад гузашт, 7,4 миллиард евро баровард мешавад. Ҳамлу нақли амалии газ тавассути ин лӯла моҳи октябр оғоз хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG