Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия равобити тиҷориаш бо Исроилро боздошт


Раҷаб Таййиб Эрдуғон (Акс аз бойгонӣ)

Раҷаб Таййиб Эрдуғон (Акс аз бойгонӣ)

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз аз тавқифи равобити тиҷориву дифоъӣ бо Исроил хабар дод. Хабаргузории Анатолия аз қавли Эрдуғон гуфт, «мо равобити тиҷориву низомӣ ва дар бахши саноати дифоъиро комилан мутаваққиф кардем.» Ин иқдом дар пайи ихроҷи сафири Исроил сурат гирифта, дар посух ба саркашии Исроил аз узрхоҳӣ барои ҳалокати 9 фаъоли турк аст, ки моҳи майи соли 2010 дар ҷараёни амалиёти Исроил ба як корвони киштиҳои роҳии навори Ғаза кушта шуданд. Гузориши СММ ба чунин хулоса омад, ки Исроил дар ин амалиёт аз «нерӯи беш аз ҳадд» кор бурдааст, вале муҳосираи баҳрии Ғаза қонунист. Туркия мехоҳад ин қазияро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашонад. Эрдуғон имрӯз бори дигар қасдаш барои боздид аз ин сарзамини фаластиниро такрор кард ва гуфт, ӯ шояд ҳафтаи оянда баъди Миср аз Ғаза дидан кунад.
XS
SM
MD
LG