Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурии ҳукумат аз мардум. Роҳ ба сӯи худкомагӣ


Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Адами эҷоди шароит барои муколама миёни аҳзобу мардум ва давлат дар рушди ҷомеа монеа эҷод мекунад.

Сӯҳроб Шарифов, раҳбари ин марказ дар як мизи гирд, ки “Эҷоди фазо барои гуфтугӯ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон” унвон шуда буд, гуфт, дар ҷумҳурӣ фазои гуфтугӯ вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт, вуҷуди танҳо монолог ё гуфтугӯ бо худ барои амнияти ҷомеаи Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад: "Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ танҳо фазои монологӣ, яъне гуфтугӯ бо худ ҳукмфармост. Фазои гуфтугӯ ва ё муколама вуҷуд надорад. Ба ин
Набудани фазои гуфтугӯ ва муколама миёни ҳукумат, мардум, аҳзобу созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ давлатро ба сӯи режими худкома мебарад...
далел як механизме низ вуҷуд надорад, ки мардум ва ҳукуматро ба ҳам биёрад. Ба назари ман, эҷод ва вуҷуди фазои монологӣ шояд дар як муддати кӯтоҳ барои давлат зарур бошад, вале дар сурате ки ин фазои монологӣ, яъне гуфтӯгӯи давлат бо худ тӯлонӣ бошад, мардум аз он безор мешавад. Барои мисол, як нотиқ ҳарчанд бузург бошад ҳам, баъд аз суханрониҳои тӯлонӣ ба дили ҳама мезанад.”

Ба эътиқоди Сӯҳроб Шарифов дар ҷомеа бояд фазое ҳукмрон бошад, ки тарафҳо тавон ва фарҳанги шунидани назари якдигарро дошта бошанд. Дар он сурат ба гуфтаи ӯ ҷомеа рушд хоҳад кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим



Ба қавли ӯ нокомии режимҳои худкомаи ҳукуматдорони бархе аз кишварҳои арабӣ ва шикасти онҳо низ дар адами эҷоди фазои гуфтугӯ дар ҷомеа буд. Аз сӯи дигар адами вуҷуди фазои гуфтугӯ дар миёни тамаддуни Шарқу Ғарб низ вуҷуд дорад, ки боиси ихтилофи назарҳо ва даргириҳо шудааст.

Сӯҳроб Шарифов рӯзи 5 сентябр дар як конфронс ба муносибати истиқлоли Тоҷикистон гуфта буд, ки бозгашт ба низоми идораи худкомаӣ метавонад ба ояндаи истиқлоли Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Вай дар ин мизи гирд далели эҷод нашудани фазои гуфтугӯ дар ҷумҳуриро шарҳ надод, вале ба эътиқоди Рашид Ғанӣ
Рашид Ғанӣ Абдулло ва Қосими Бекмуҳаммад дар студияи Радиои Озодӣ
Абдулло, таҳлилгари умури сиёсӣ далели аслӣ надоштани эътимод ба назари мухолиф аст, ки режим ҳавсалаи шунидани онро надорад: "Ҳамин нобоварӣ ва адами эътимод билохира тарсро ба вуҷуд меорад ва вақте одам гирифтори тарс мешавад, ҳаракат мекунад барои аз байн бурдани маншаъ ва ё сарчашмаи тарс. Ин аст воқеияти сиёсати имрӯза, ки мутаассифона вуҷуд дорад."

Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло агар ин воқеиятро дар миқёси ҷаҳон бубинем, нобоварӣ ба дини Ислом боиси бархӯрди тамаддунҳо ва амалҳои низомии Ғарб ба ҷаҳони араб шудааст. Мунира Шаҳидӣ, раиси Бунёди фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ, ки ин мизи гирдро дар ҳамкорӣ бо САҲА созмон додааст, вуҷуди ҳусни тафоҳум дар ҷомеаи Тоҷикистонро муҳим хонд ва гуфт: “Барои эҷоди фазои гуфтугӯ дар ҷомеа давлати Тоҷикистонро зарур аст як барномаи миллиеро дар робита ба эҷоди фазои гуфтугӯ таҳия ва тасвиб кунад, то илм, фарҳанг ва сиёсатро муттаҳид созад.”

Ба бовари ширкаткунандагони ин мизи гирд набудани фазои гуфтугӯ ва муколама миёни ҳукумат, мардум, аҳзобу созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ давлатро ба сӯи режими худкома мебарад, ки истиқлолияти давлатро дар оянда ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG