Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои Қаззофӣ - дар Нигер, аммо худи ӯ куҷост?


Хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, як корвони зиреҳпӯшҳои ҳомили нирӯҳои содиқ ба ҳокими барканоршудаи Либия Муаммар Қаззофӣ аз марзиҳамсоякишвари Нигер гузашта, шоми душанбе вориди шаҳри биёбонии Ағодис шудааст. Бино ба хабарҳо, ин корвони иборат аз даҳҳо мошини низомиро ҷангиёни қабилаи ба Қаззофӣ наздики таворуқ(Tuareg) ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо куҷо будани худи Қаззофии 69-сола маълум нест. Сухангӯи ӯ Мӯсо Иброҳим дирӯз ба телевизиони Аррайи Сурия гуфт, ки Қаззофӣ дар дохил аст: «Вазъи сарҳанг Муаммар Қаззофӣ - хуб ва иродааш олист. Ӯ дар Либия аст, дар як маконе, ки ин гурӯҳҳо ба ӯ расида наметавонанд.»
Бо ин ҳол, нирӯҳои зидди Қаззофӣ мавқеъҳои худ дар атрофи Банӣ Валид, яке аз охирин пойгоҳҳои режими пешин дар тақрибан 140-километрии Троблусро тақвият медиҳанд. Мақомоти нави Либия ба чанд пойгоҳи охирини то ҳол ба Қаззофӣ содиқ то 10 сентябр вақт додаанд, ки таслим шаванд.
XS
SM
MD
LG