Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар як садама дар роҳи Кӯлоб


Шаби гузашта бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Данғара-Кӯлоб 7 нафар ҳалок шудаанд. Бино ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, як микроавтобуси «ДЭУ» ба канали канори роҳ сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда ва 6 мусофир, бо шумули 3 кӯдаки аз 2- то 7-сола, ҳалок шуда, 4 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон мунтақил кардаанд.
XS
SM
MD
LG