Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Усмон: "Қабул накардам, ки дар бари Сангак бишинам"


Давлати Усмон ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
Давлати Усмон ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Гуфтугӯ бо Давлати Усмон, муовини пешини нахуствазир ва вазири собиқи иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Озодӣ: Шумо ҳангоми истеъфо додани Раҳмон Набиев дар вазифаи ноиби нахуствазири Тоҷикистон фаъолият мекардед ва шахсан шоҳиди рух додани ин ҳодиса дар 7-уми сентябри соли 1992 дар фурудгоҳи пойтахт будед. Бигӯед, ин ҳодиса чӣ тавр рух дод?
Қудрат чизе аст, ки тасмим, зиракиву шуҷоатро ҳамеша ҳамроҳи худ дорад. Агар роҳбари давлат аз ин се маҳрум бошад, ҳатман болои он давлат як балое рух мезанад...


Давлати Усмон: "Раҳмон Набиев замоне ба сари қудрат омад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ду тақсим шуда буд. Бо ин вуҷуд ӯ шахсияте набуд, ки ба ҷониби дигар низ қобили қабул набошад. Аммо Раҳмон Набиев ин фурсатро аз даст дод. Зеро ӯ аз ҳамон тафаккур ва ҷаҳонбинии коммунистӣ берун рафта натавонист. Ё номенклатураи коммунистӣ, ки дар атрофаш ҷамъ шуда буд, ӯро нагузошт ва имкон надод ва ё ин ки тафаккури худаш омода набуд, ки ин ду қисматро як ва ин ду нерӯи аз лиҳози сиёсӣ тақсимшударо ба ҳам оварад. Дар ибтидо нерӯҳои мухолифoн, ки бо номи оппозитсиюн шинохта шуданд, хеле талош карданд, ки Раҳмон Набиевро барои ҷонибдорони худ қобили қабул созанд. Дар ин маврид метавон хеле зиёд сӯҳбат кард, аммо мехоҳам як таърихеро барои шумо ҳикоят кунам. Тақрибан баъд аз ду ҳафтае, ки муовини нахуствазир дар Ҳукумати Муросои Миллӣ таъйин шудам, ба ҷаноби Набиев занг
Абдуқаюми Қаюмзод ва Давлати Усмон

зада, хоҳиш кардам, ки агар вақт дошта бошад барои чанд лаҳзае маро қабул кунад. Ин вохӯрӣ бо ибтикори шахсии ман сурат гирифт ва баъдан дигар роҳбарони оппозитсиюнро дар ҷараён гузоштам. Рӯзи якшанбеи 19-уми май буд. Соати 10 ба утоқи кории Раҳмон Набиев омадам. Ӯ маро хуб қабул кард. Вохӯрии аввали мо мисли як шиносоӣ буд. Мо бештар талош кардем дар бораи мушкилоти умумие, ки ҷумҳуриро фаро гирифтааст, сӯҳбат кунем.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:11 0:00
Линки мустақим


"КОР ДАСТИ МАНБА НЕ..."

Дар ин мулоқот дар бораи он ҳадафе, ки ба хотири он назди раисиҷумҳур омада будам, сӯҳбат накардам, чун мехостам Раҳмон Набиев омода шавад. Баъд аз гузашти як ҳафта боз телефон кардам. Раҳмон Набиев маро қабул кард. Гуфтам, ки як пешниҳод дорам, агар Шумо қабул дошта бошед. Гуфт, ки бигӯ. Гуфтам Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон омодааст бо тамоми нерӯ ва имконоташ аз Шумо дар ин панҷсолае, ки раиси ҷумҳурӣ интихоб шудед, дастгирӣ кунад ва тааҳҳуд мекунад барои панҷ соли баъдӣ, ки агар дубора интихоб шавед ҳамин тарзи муносибат ва ҳамкориро идома диҳад. Мо омодаем дар ин бора бо Шумо тааҳҳуд кунем. Вале биёед Шумо умури давлатро ҷиддан ба даст бигиред, ҳокимиятро мустаҳкам кунед. Раҳмон Набиев дар посух нигоҳи рамзомезе ба ман андохта як сухани бисёр ҷолиб гуфт: “Давлат, кор дасти манба не”. Ман ҳайрон шудам ва гуфтам чӣ тавр кор дар дасти Шумо нест? Гуфт, ки "пеш аз он ки Шумо муовини нахуствазир таъйин бишавед дар моҳи январ, ман Юлбарс Эгамбердиевро аз кор гирифтам. Ин корро бо ҷаноби Ислом Каримов машварат нокарда анҷом додам. Ҳоло 5 моҳ мешавад, ки ҳарчанд ман телефон мезанам, ҷавоби занги маро намедиҳад. Ман ҳамин қадар раиси ҷумҳур. Ягон коре карда наметавонам”. Ман омадам ва дар ҷамъи роҳбарони оппозитсиюн ҷаноби Тӯраҷонзодаву Нуриву Ҳимматзодаву раҳматии Тоҳири Абдуҷаббору Шодмон Юсуф мӯҳтавои мулоқот бо Набиевро барояшон баён кардам. Гуфтам, ки ҷаноби Набиев ҳамин тавр мегӯяд, мо бояд дар фикре бошем, ки ҷаноби Набиев бо роҳи қонунӣ аз мақомаш биравад. Дар он ҷо қарор шуд, ки ин шахс метавонад Абдумалик Абдуллоҷонов бошад ва нафари фаъоле, ки аз шимол метавонад феълан Набиевро иваз кунад, Абдуллоҷонов аст. Ҳамин тавр, қарор бар ин шуд, ки сари ин масъала бояд кор кард. Аввалин вохӯрии мо ҳам дар ҷиҳати иҷрои ин амр бо воситаи як нафари мӯътамади Абдуллоҷонов, ки Қурайшхон ном дошт, дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

ҶАЛАСАИ 15 ВА МАСЪАЛАИ ИСТЕЪФОИ НАБИЕВ

Дар ин мулоқот ману марҳум ҷаноби Нурӣ ҳадафамонро барои онҳо бозгӯ кардем. Дертар вохӯрии мо бо худи Абдумалик Абдуллоҷонов баргузор шуд. Қарор шуд, ки намояндаҳои Хуҷандро ба ин кор омода кунем, то ки дар ҷаласаи порлумон Набиевро маҷбур ба истеъфо кунанд. Агар шумо дар ёд дошта бошед, моҳи августи соли 1992 ҷаласаи 15-уми Шӯрои Олӣ доир шуд ва дар ин ҷаласа мебоист як масъала, масъалаи истеъфои Раҳмон Набиев баррасӣ мекарданд. Ин ҷо бояд як нуктаро ёдовар шавам, ки вақте қисмате аз мардуми Майдони Озодӣ бо силоҳ баргашт, нишонаҳои бурузи ҷанги шаҳрвандӣ баръало мушоҳида мешуд. Хуб, баргардем сари иҷлосияи 15, ки масъалаи истеъфои Набиевро баррасӣ мекард. Қарор буд бо вакилони Шӯрои Олӣ аз Хуҷанд, ки он замон беш аз 50 дарсадро ташкил медоданд, Абдуллоҷонов сӯҳбат ва қазияро баррасӣ мекард ва вақте ҳамаи онҳо ин масъаларо якдилона қабул мекарданд, баъд мо ҷаласаи порлумонро доир мекардем. Абдуллоҷонов пас аз сӯҳбатҳои як моҳ-думоҳа ба мо иттилоъ дод, ки намояндаҳои Хуҷанд омода ҳастанд. Тавассути Акбаршо Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва бо оппозитсиюн робитаи бад надошт ва раёсати Шӯрои Олӣ, ки дар онҷо ҷаноби Тӯраҷонзодаву Соҳибназаров узвият доштанд, тавонистем, ки ҷаласаи 15-и Шӯрои Олиро даъват кунем. Дар рафти ҷаласаи 15-и порлумон бо Нарзулло Дӯстов, ки он вақт дигар ноиби президент набуд, сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, дар ҳукумат кор бидиҳед, омода ҳастам, ба Набиев бифаҳмонам, ки ӯ дигар кишварро идора карда наметавонад, бесалоҳият шудааст. Гуфт, ки ин ҳамаро ошкоро дар ҷаласа низ мегӯяд. Дуюм нафаре, ки
Раҳмон Набиев

бояд суханронӣ мекард, марҳум Даврон Ашӯров мебуд ва сипас раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) Ҷӯра Шокиров идома медод. Бесалоҳиятӣ ва бекифоятии раисиҷумҳур дар овоз монда мешуд. Дар натиҷа Раҳмон Набиев бояд ба истеъфо мерафт. Ҷаласаи порлумон шурӯъ ба кор кард ва аввалин шуда Нарзулло Дӯстов сухан кард. Ӯ гуфт, ки Раҳмон Набиев, Шумо дигар салоҳияти идораи кишварро надоред, ҷанг сар шуда истодааст, ба истеъфо равед. Вақте ки Даврон Ашӯров ҳам ба чунин мазмун сухан кард, Раҳмон Набиев, ки раисиҷумҳур буд, албатта, ҳис кард, ки чизе ҳаст дар пушти ин суханрониҳо. Ба раиси порлумон пешниҳод кард, ки бояд дар кори ҷаласа танаффус эълон шавад. Чун пешниҳод аз тарафи раисиҷумҳур матраҳ шуд, раиси порлумон онро қабул кард. Вале ҳамин танаффус басанда шуд, ки дар байни вакилон аз Хуҷанд як тафриқа эҷод кунад, чун баъд аз танаффус дигар порлумон аз масъалаи истеъфои Набиев сарфи назар кард. Раҳмон Набиев баъд аз танаффус тарафи ман бо қаҳр нигоҳ карда, дарафтод, ки “ман медонам Шумо чӣ кор карда истодаед” ва албатта ман худамро хеле дур гирифтам ва гуфтам, ки ҳеҷ дахолат надорам. Ба ин тартиб, порлумон қароре қабул кард, ки ду тараф халъи силоҳ шаванд ва як кумиссюне ташкил шуд, ки маро масъули он интихоб карданд. Аммо ин маънои боз бӯҳронитар шудани вазъиятро дошт. Чун дар ин марҳала ниҳодҳои қудратӣ ба тарафҳо тақсим шуда буданд."

ФРОНТИ ХАЛҚӢ

Озодӣ: Он айём Фронти халқӣ ташкил шуда ва Раҳмон Набиев умедвор буд, ки онҳо ӯро дастгирӣ мекунанд?

Давлати Усмон: "Фронти халқӣ моҳи октябри соли 1992 ташкил ёфта буд, пеш аз ҳамлаи марҳум Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе. Пеш аз ин Горди худмуҳофизатии Кӯлоб амал мекард."

Озодӣ: Вале дар ҳар сурат Хуҷанд ва Кӯлоб Ҳукумати Муросои Миллиро гӯш намекарданд...

Давлати Усмон: "Дуруст, вале дар ин миён вақте ки мо вохӯриҳои пинҳонӣ доир мекардем, шартҳои Хуҷанду дигарҳоро қабул кардем. Он вақт муҳим Хуҷанд буд, чун ҳукумати сиёсӣ комилан дар дасти мардуми шимол буд. Аксарияти порлумон, Вазорати умури дохиливу Кумитаи амният дар дасти хуҷандиҳо буд."

НАБИЕВ: "ДАВЛАТ, ИН ЧӢ КОРИ КАРДАГИАТ?"

Озодӣ: Раҳмон Набиев вақте дар фурудгоҳ истеъфо дод, ин иттифоқот чӣ гуна сурат гирифт?

Давлати Усмон: "Пас аз он ки бӯҳрон боз ҳам амиқтар рафт, бесалоҳиятии ҳукумати ҷаноби Набиев боз ҳам рӯшантар шуд, ҳамон гуфтушунидҳое қаблан ишора кардам, идома ёфтанд. Дубора масъалаи даъвати иҷлосияи порлумон дар миён омад, зеро танҳо порлумон метавонист бесалоҳиятии раисиҷумҳурро эълон кунад. Намояндаҳои Хуҷанд ҳамагӣ дигар дар Хуҷанд қарор доштанд, дар Душанбе намонда буданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки омода ҳастанд, то ҷаласаи порлумон дар Хуҷанд даъват шавад ва дар ҳузури онҳо Раҳмон Набиев ба истеъфо равад. Қарор шуд, ки намояндаҳои Кӯлобу Душанбе ба Хуҷанд раванд. Ин масъала дар президиуми Шӯрои Олӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Ҷаноби Тӯраҷонзода, ки узви раёсат буд аз рафтан ба Хуҷанд худдорӣ намуд ва аз роҳбарони оппозитсиюн ҳам касе ҳозир нашуд, ки биравад. Дар ёд дорам, ки Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва кафили
Акбаршоҳ Искандаров

раисиҷумҳур ба ман занг зад ва наздаш даъват кард. Ман рафтам ва он кас ба ман гуфтанд, ки Шумо бояд ҳамроҳи мо ба Хуҷанд равед. Мо танҳо ҳаминро медонистем, ки мо ҳам ва раиси ҷумҳурӣ ҳам бояд ба Хуҷанд парвоз кунем. Мо як шарт гузоштем. Бигузор раисиҷумҳур бо тайёра (ҳавопаймо)-и худаш биравад, мо худамон бо ҳавопаймои дигар меравем. Тайёраи раисиҷумҳур ҳам як тайёраи хурди Як-40 буд, ки дар он 15-20 нафар савор мешуд. Мо гуфтем, раисиҷумҳур ҳамроҳи муҳофизонаш биравад, (чун худи ӯ ва ҳайати муҳофизонаш як ҳавопайморо пур мекарданд) мо бо тайёраи баъдӣ меравем. Раҳмон Набиев дар истироҳатгоҳи Шӯрои вазирон қарор дошту русҳо (фирқаи низомии 201-и Русия) ҳимояташ мекарданд. Онҳо барвақттар ба фурудгоҳ рафта буданд. Тақрибан баъд аз ним соат Акбаршоҳ Искандаров гуфт, ки Раҳмон Набиев аллакай парвоз карду рафт, мо ҳам бояд биравем. Ҳамроҳи Искандаров бо мошини ӯ ба майдони ҳавоӣ омадем. Ин замон аллакай тирпаронӣ ба анҷом расида буд. Вақте мошини мо таваққуф карду ману Акбаршоҳ Искандаров поин шудем, Набиев дар остонаи дари толори пазироии ашхоси расмии фурудгоҳ рост истода буд. Ба тарафи мо гашту гуфт, ки “Давлат, ин чӣ кори кардагиат, ин тараф гузар, тир нарасад.”

ТАҲДИДИ МУЛЛО АБДУҒАФФОР ВА ИСМАТИ АВУЛӢ

Ману Искандаров ҳайрон шудем, ки чӣ гап шуда бошад. Дидем, ки яке аз муҳофизони Раҳмон Набиев аз пояш тир хӯрдаасту аз ҷойи ҷароҳат хун меравад. Вақте вориди толор шудем, дидем, ки толор дар муҳосира аст. Исмати авулӣ ва Мулло Абдуғаффор нерӯҳоро фармон медиҳанд. Аммо дар пушти ин нерӯҳо, яъне аз паси онҳо танкҳои русӣ истодаанд. Кӯшиш кардем, бипурсем, ки чӣ ҳодиса шудааст, аммо касе ба мо эътино ва эътибор намедод. Ҳатто таҳдид ҳам карданд, ки мусаллаҳанд ва касе набояд дахолат бикунад. Ба Раҳмон Набиев гуфтанд, ки танҳо роҳ ҳамин аст, ки ба истеъфо биравӣ. Дар он ҷо Шаҳоб Шарифов, раиси КГБ-и Тоҷикистон ҳам ҳузур дошт. Кӯшиш кард, то ҷилави ин корро бигирад, ӯро ҳам таҳдид карданд. Дигар хомӯш монд. Русҳо ҳам омаданд, фишор оварданд, аммо аз дасташон чизе наомад. Баъд Набиев маҷбур шуд, ки ҳамон ҷо аризаи истеъфои худро нависад."

ДАСТИ КӢ: УЗБАКИСТОН Ё РУСИЯ?

Озодӣ: Ҳодиса мисли як нақшаи пешакӣ тарҳрезишударо мемонад. Чунки аз сафари президент ба Хуҷанд ҳатто раиси Кумитаи амният хабар надоштааст. Танҳо раҳбарони ҳукумати он замону русҳо хабар доштанд. Аммо чаро мухолифон ин корро анҷом доданд?

Давлати Усмон
Давлати Усмон: "Одамоне, ки ин корро анҷом доданд, якеаш дар қайди ҳаёт несту дигарӣ ҳаст. Ман иҷрокунандаҳои ин корро дар назар дорам. Воқеан ҳам ин амали созмони ҷосусӣ буд. Ё Узбакистон ва ё Русия, ки он вақт хеле фаъол буданд. Созмони ҷосусии Тоҷикистон ин ҷо даст надошт. Роҳбарияти мухолифон низ чунин ранг гирифтани корро намехост. Намехостанд, ки Раҳмон Набиев бо ин шева аз кор биравад. Агар онҳо даст медоштанд, ҳеҷ гоҳ кӯшиши ду навбат баргузории ҷаласаи порлумонро намекарданд. Барои мухолифон он замон анҷом додани чунин кор хеле осон, ба масал "ду карат ду" буд. Мухолифон хостори қонунан тағйир додани ҳокимият буданд."

ЧАРО РАҲМОН НАБИЕВ БОЯД ИСТЕЪФО МЕДОД?

Озодӣ: Ба ҳар сурат чаро Раҳмон Набиев бояд истеъфо медод?

Давлати Усмон: "Яке аз сабабҳо ҳамин бекифоятиаш буд. Аз ҳамон ибтидо эҳсос мешуд, ки воқеияти рӯзро дарк карда наметавонад. Бо тафаккури шахшудаи худ натавонист пай бубарад, ки дар атроф чӣ тағйироте ҷараён дорад. Ҳеҷ кӯшиш накард, ки бо нерӯҳои сиёсии навпайдо музокира ва ҳамкорӣ кунад ва онҳоро ба худаш наздик созад ва аз онҳо барои пешрафти кори худаш истифода барад. Барои мисол, Ислом Каримов ҳатто бо нерӯҳои мухолифи исломиаш дар марҳалаи аввал, то таҳкими пояҳои давлаташ вориди музокира шуд, ҳарчанд ки дертар онҳоро саркӯб кард. Аммо, мутаассифона, Раҳмон Набиев ё ин тарзи корро аслан намехост ва ё ба он омода набуд. Ин муносибати ӯ то ташкил шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ аллакай маълум буд. Аз ҳамон муҳокимаи порлумонии Муҳаммадайёз Навҷувонов, вазири корҳои дохилӣ, тавассути раиси порлумон, марҳум Кенҷаев маълум шуда буд. Ин аллакай бесалоҳиятии Набиевро исбот мекард, чунки муҳокимаи вазир аз тарафи раиси порлумон номумкин буд. Шӯрои Олӣ чунин салоҳиятро надошт."

АГАР РОҲБАР АЗ ЗИРАКӢ ВА ШУҶОАТ МАҲРУМ БОШАД...

Озодӣ: Яъне Набиев қудратро аз даст дода буд?

Давлати Усмон: "Бале. Рӯз то рӯз қудрат аз дасташ мерафт."

Озодӣ: Ба назар мерасид, ки Раҳмон Набиев худро аз ҳодисаҳо канор мегирифт. Гоҳе худро ба ҳимояти артиши 201-и Русия месупорид ва гоҳе дар пинҳонгоҳи Кумитаи амният паноҳ мебурд. Ба як мушоҳидакори комилан бехаёл табдил шуда буд, на раисиҷумҳур, ки ҳама риштаҳо аз ҷумла қудратро зери даст дораду муваззаф аст аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо пешгирӣ кунад. Оё метавон гуфт, он вақт худи раисиҷумҳур ба як мушкил табдил шуда буд?

Давлати Усмон: "Қудрат чизе аст, ки тасмим, зиракиву шуҷоатро ҳамеша ҳамроҳи худ дорад. Агар роҳбари давлат аз ин се маҳрум бошад, ҳатман болои он давлат як балое рух мезанад. Ҳам балои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ. Вақте марҳум Раҳмон Набиев дубора раисиҷумҳур интихоб шуд, ӯ фикр мекард, ки боз ҳам мисли ҳокимияти даврони коммунистӣ барояш дастгоҳи ҳизб ҳама корҳоро иҷро мекунад ва ӯ ба ҳамон таври собиқа фақат фармон медиҳад. Аммо замона дигар буд, дигаргуниҳову навигариҳоро мехост. Он замон як даврае буд, ки мардум ва ҷомеа на ҳар рӯз, балки ҳар соат тағйир мехӯрд. Яъне ҳар лаҳза тасмим гирифтан, зиракиро истифода бурдан ва шуҷоатро нишон додан даркор буд. Агар роҳбари давлат як рӯз аз ин таҳаввулот ғофил мемонд, ба манзалати як сол қафо мондан буд."

БАҲОИ СИЁСӢ

Озодӣ: Ба ҳар сурат, дар қазияи фурудгоҳ Раҳмон Набиев аризаи истеъфои худро навишт ва имзо кард. Ин истеъфо аз ҷониби раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва вазири адлия қонунӣ эълон шуд. Ин як баҳои сиёсӣ буд ё чизе дигар?

Давлати Усмон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Давлати Усмон: "Бале, фикр мекунам ин як баҳои сиёсӣ буд. Зеро агар истеъфо қонунӣ сурат мегирифт, он гоҳ бояд ҷаласаи порлумон баргузор ва дар он ҷо таъйид мешуд. Ин салоҳиятро танҳо порлумон дошт, ки истеъфои раисиҷумҳурро дар сурати бекифоятӣ ва бесалоҳиятиаш дар иҷрои вазифа қонунӣ ё ғайриқонунӣ эълон кунад. Вале вазъият он вақт тарзе буд, ки баргузории ҷаласаи порлумон ба як кори тақрибан номумкин табдил шуда буд. Чунки кишвар дар ҳолати хеле ҳассос қарор дошт ва ин як тасмими сиёсӣ буд, албатта. Ҳодисаи дар фурудгоҳ рухдода ин як иғво (провокатсия) буд. Ин иғво чуноне пештар ҳам зикр кардам, аз берун тарҳрезӣ шуда буд. Барои бадном кардану тезтар аз саҳна берун сохтани мухолифони онвақта. Мутаассифона, он вақт ягон изҳороти ҷиддӣ аз ҷониби роҳбарони мухолифон пахш нашуд. Ҳатман бояд ин иғво маҳкум мешуд, ки аз камтаҷрибагии мухолифон ин кор сурат нагирифт. Чунки роҳи қонунӣ вуҷуд дошт, порлумон метавонист ин корро кунад."

"АРИЗАРО ХУДИ ПРЕЗИДЕНТ НАВИШТ"

Озодӣ: Вақте Набиев истеъфо дод ва Шумо ҳамроҳи ӯ суҳбат кардед. Ӯ чӣ гуфт?

Давлати Усмон: "Хеле пофишорӣ мекард дар аввал, ки истеъфо намедиҳад. Ҳатто шартҳои дигар ҳам гузошт, аз ҷумла гуфт истеъфо медиҳад, аммо аввал бояд Хуҷанд биравад. Аммо дар ҳолате, ки Набиев гирифтор шуд, роҳи дигаре вуҷуд надошт, магар ин ки аризаи истеъфоро бинависад. Ба фикри ман, ин ягона тасмими дуруст ҳам барои он замон, ки аз ин бештар буғранҷ нашавад ва ҳам барои хариди ҷони худи Набиев буд, ки аризаи истеъфоро навишту имзо кард."

Озодӣ: Аризаи истеъфоро Набиев бо дасти худаш навишт?

Давлати Усмон: "Бале, бо дасти худаш. Албатта, бо кӯмаки раиси КГБ ва вазири адлия, ки он ҷо ҳузур доштанд. Онҳо тариқи расмӣ кардан ва баъзе ҷузъиёти дигарро фаҳмониданд. Ҳамин тавр аз он ҷо мо Набиевро овардем ба боғи истироҳатии ҳукумат ва баъд аз ду соат аз онҷо рафт."

Озодӣ: Ғайб зад?

Давлати Усмон: "Не, ғайб назад. Бохабар будам. Ягона тадбири дуруст рафтани ӯ аз Душанбе буд. Зеро муҳофизати ӯ он вақт барои ҳукумат як мушкилии ҷиддиро пеш меовард. Чунки ҳар лаҳза имкони террор шудани ӯ вуҷуд дошт ва боз як бадномии дигарро болои Иттиҳоди мухолифон изофа мекарданд ва мегуфтанд, ки аз вазифа сабукдӯш карда, оқибат куштанаш."

ҶОНИ РАҲМОН НАБИЕВ ДАР ХАТАР БУД...

Озодӣ: Ӯ аз тариқи Регар ба Хуҷанд рафт?

Ҳангоми сӯҳбат дар студияи "Озодӣ"
Давлати Усмон: "Дигар муҳим набуд, ки ӯ аз кадом роҳ ба Хуҷанд рафт. Барои мо муҳим буд, ки саломат тарк кунад. Бисёриҳо гуфтанд, ки мо аз тарки Душанбе кардани ӯ огоҳӣ надоштем, ғофил мондем. Аммо дар асл ин тавр набуд. Худораҳматии Ҷӯрабек Аминов, муовини раиси КГБ наздам омад ва гуфт, аллакай Набиевро бурда истодаанд. Гуфтам, фикри худат чӣ аст ва то он ки ҷавоб диҳад, афзудам, фикри ман ин аст, ки бигзор равад. Зеро масъалаи таъмини амнияти ӯ мушкил мешавад ва имкони роҳандозии дасиса ва ё бештар аз он, масалан, ташкили террор истисно нест. Дар ҳамон шабу саҳари тезутунд шудани вазъият Набиев дар қароргоҳаш тақрибан ҳузур надошт. Яъне дигар бовар надошт, ки қароргоҳаш барояш маҳалли амн нест. Аз ин рӯ дар ҷойҳои дигар меистод. Ҳоло ки аз он ҳодисаҳо бист сол мегузарад ва баъди бист сол ба он воқеаҳо бармегардӣ, ба назар чунин мерасад, ки аз ибтидои вазъият бештар созмони ҷосусии Узбакистон ва ҳамчунин созмони ҷосусии Русия ҳар лаҳзаву ҳар соат ӯро талқин мекарданд, ки ҳаёти ӯ зери хатар аст. Онҳо нобоварии ӯро ҳар лаҳза зиёд мекарданд. Ӯро ба иғво мекашиданд, то ки шакку гумонҳои ӯ аз Ҳукумати Муросои Миллӣ бештар шавад. Фикр мекунам, ки ин фишороварданҳо ҳадафмандона буд, то ки вазъият рӯз то рӯз буғранҷтар шавад ва рӯз то рӯз бояд, ки раванди суқути ҲММ-ро тезтар мекард. Сиёсати иғвоандозӣ ва зери шубҳа қарор додани ҲММ, эҷоди нобоварӣ байни раисиҷумҳур ва ба мушоҳида мерасид."

РӮЗИ ОШИ ОШТӢ

Озодӣ: Баъди он ки Набиев дар иҷлосияи Хуҷанд истеъфои худро эълон кард, бо ӯ мулоқот доштед?

Давлати Усмон: "Дар рӯзи истеъфои раисиҷумҳур ман дар иҷлосияи Хуҷанд ширкат надоштам, чунки Хуҷандро тарк карда будам. Барои он ки ман дар онҷо амнияти худро дар хатар эҳсос кардам ва ҳатто дар нисбати ман талоши сӯиқасд низ сурат гирифта буд, ки ин як қиссаи дигар аст. Вақте ман дубора аз Маскав ба иҷлосия омадам, рӯзи оши оштӣ буд ва қумандонҳои саҳроии ҳарду ҷониб ҳам дар он маърака ҳузур доштанд. Дубора ба ман муяссар шуд, ки Набиевро бубинам. Албатта, аз дур."

Озодӣ: Вонахӯрдед, салому алейк накардед?

Давлати Усмон: "Не. Агарчӣ барои ман дар ин дастархони оши оштӣ дар паҳлуи Набиев ҷой карда буданд. Онҳо ҷойи нишастро тавре муқаррар карда буданд, ки дар як тарафи курсии Набиев Сангак менишаст дар тарафи дигараш ман. Ман ин пешниҳодро қабул накардам. Хеле пофишорӣ карданд, аммо ман нарафтам. Ман қабул накардам, ки дар бари Сангак бишинам."

ИҶЛОСИЯИ 16 ВА БОЗИИ УЗБАКИСТОН

Озодӣ: Дар иҷлосияи Хуҷанд Набиев истеъфо додан намехост, аммо онҳое, ки барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ даст ба муборизаи мусаллаҳона зада буданд, чаро президентро дар мақомаш барқарор накарданд?

Давлати Усмон: "Замоне ки иҷлосияи 16 дар Хуҷанд идома дошт, қонунҳои бозӣ дигар шуда буд. Шояд, ки аз аввал ҳам ҳамин тавр буд. Чунки аз аввал, ки Узбакистон бозигари асосӣ дар саҳна буд, дар фикри иваз кардани Раҳмон Набиев буд ва ӯро қабул надошт. Он замон қудрат дар дасти Фронти халқӣ қарор дошт ва дар ҳайати
Давлати Усмон

Фронти халқӣ ҳам намояндаҳои шимол хеле кам буданд. Агар мо иштироки Сафаралӣ Кенҷаев ва Амирқул Азимов, ду мӯҳраи аслӣ дар ин фронтро истисно кунем, ки як миқдор нерӯи мусаллаҳро дар атроф доштанд, дигар 80 дарсади нерӯҳои Фронти халқӣ аз Кӯлоб буд. Яъне қудрат аз дасти шимолиҳо рафта буд. Ба ҳамин хотир Узбакистон мардуми шимолро як навъ боварӣ дода буд, ки дар қудрат будани кӯлобиҳо як мӯҳлати кӯтоҳ аст ва мо бояд аввал вазъиятро ором созем, оппозитсиюнро аз байн бубарем ва пас аз оромӣ боз бигардем қудратро дубора ба шимолиҳо бидиҳем. Ва ба ин чиз шимолиҳо ва элитаи онҳо низ мутақоид шуда буд. Аз ин ҷиҳат буд, ки дигар аз Набиев ҳимоят ва кӯшиш барои барқарории ӯро накарданд. Ба ин ваъда шимолиҳо бовар карданд. Бозигарони асосии ҳамонвақтаи шимол Абдуллоҷонов, Ҳомидов ва Тӯраев шахсиятҳое, ки дар қудрат ворид буданд, худашон орзуи ҷойи Набиевро доштанд. Ҳам бо Тӯраев, ҳам бо Ҳомидов, ҳам бо Абдуллоҷонов Узбакистон дар алоҳидагӣ бозӣ мекард. Аслан бисёртар Сайфиддин Тӯраев матраҳ буд, чунки Сайфиддин Тӯраев бо Сангак Сафаров иртиботи зич дошт."

ХУҶАНДУ КӮЛОБ: ИТТИФОҚ Ё ИХТИЛОФ?

Озодӣ: Тибқи нақша баъд аз се-чор моҳе, ки ҲММ барҳам мехӯрд, вазъият ором ва мухолифин саркӯб мешуданд, бояд як Шӯрои давлатӣ таъсис меёфт. Дар раъси ин Шӯро яке аз ин се нафар меомаданд. Салоҳият ва қудрати раисиҷумҳур ба ин Шӯро вогузошта мешуд. Тариқу нақшаи бозӣ дар аввал ҳамин тавр буд. Барои татбиқи ин нақша русҳо дигар мухолифат карданд ва бо роҳбарияти нави ҳукумат, ки дар Хуҷанд интихоб шуда буд ҳамкориро ба роҳ монданд?

Давлати Усмон: "На, бубинед барои татбиқи ин нақша баъзе корҳо сурат гирифт. Масалан, ҳамин террори Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов. Инҳо фикр мекарданд, ки бо террор шудани ин ду нафар нерӯҳои Фронти халқиро, ки умдатан аз ҷануб ҳастанд метавонанд, осон маҳор кунанд. Аммо раванди ҳодисот бисёр тез буд. Ҳам Узбакистон ва ҳам Руссия таваққӯъ надоштанд, ки раҳбарони мухолифон зинда мемонанд, нерӯҳои мухолиф метавонанд, ки муқовимат кунанд. Узбакистону Русия фикр мекарданд, ки агар пеши роҳи нерӯҳои нави сиёсиро нагиранд, онҳо метавонанд бо мухолифони Узбакистону Русия бипайванданд. Ҳатто як ихтилофе ҳам баъдтар миёни русҳову узбакҳо рух дода буд. Русҳо мегуфтанд барои ин тасмимро гирифтан яъне ташкили Шӯрои давлатӣ ҳоло барвақт аст. Ихтилофи ин ду кишвар рӯшан шуд. Пас аз шаш моҳи ҳокимият байни шимолу ҷануб ва ин ду кишвар ихтилоф кушоду равшан намоён шуд. Дигар ошкору ниҳон барои қудрат мубориза мебурданд. Иттифоқи Хуҷанду Кӯлоб пас аз шаш моҳ дигар ба ихтилоф мубаддал гашт. Русҳо кӯшиш карданд аз ҷаноби Раҳмонов, ки он вақт хеле фаъол ва имконоти амалаш ҳам зиёд аст, ҳимоят намоянд."

РУСИЯВУ УЗБАКИСТОН БОЛОИ НАБИЕВ ХАТ КАШИДАНД...

Озодӣ: Ба назари Шумо чаро Русияву Узбакистон Набиевро дастгирӣ накарданд, аммо кӯмаки худро аз Фронти халқӣ дареғ надоштанд?

Давлати Усмон: "Ҳар як ҳокимият ду реша ва ду пуштвона дорад. Яке аз онҳо хориҷӣ дигаре дохилӣ аст, ки хеле муҳим аст. Зеро агар машруияти як ҳокимият дар дохил мавҷуд набошад, пуштибонии хориҷӣ ҳеҷ кор карда наметавонад. Як таҳрики муваққатӣ аст. Шаш моҳи аввале, ки Раҳмон Набиев раисиҷумҳур буд, давраи санҷиш ва имтиҳони асосии раёсати ӯ буд. Аммо ин муддат кофӣ буд, то маълум шавад, ки Набиев кишварро идора карда наметавонад. Ман дар назар дорам, то амиқ шудани бӯҳрон ва то ташкили ҲММ-ро. Баъд аз амиқтар шудани бӯҳрони идориву раҳбарӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 1992 ҳам Узбакистон ва ҳам Русия болои Раҳмон Набиев хат кашиданд."

ПОКИСТОН ВА СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН

Озодӣ: Бархеҳо бар ин назаранд, ки имзои созишнома миёни Тоҷикистон бо Покистон ҷиҳати эҳдоси нерӯгоҳи Роғун барои таҳрики ҳаводиси Тоҷикистон ва тезтар аз қудрат рафтани Набиев сабаб шудааст...

Давлати Усмон: "Дар ибтидои истиқлолият роҳбарони ҷумҳуриҳо хатоҳои зиёде мекарданд. Аз он ҷумла, аз иштибоҳоти роҳбарияти Тоҷикистон дар он ибтидо ҳамин буд, ки як чунин тасмими носанҷида ва зудро гирифт. Зеро имзои ин санад муқобили манофеи геополитикии ҳам Узбакистон ва ҳам Русия буд, ки он вақт дар корҳои дохилии Тоҷикистон дасти тамом доштанд. Сармоягузорӣ аз тарафи Покистон бо сохтмони Роғун барои Русия - вориси Шӯравии пешина, ки ин қадар душманӣ бо Покистон дошт, аслан қобили

қабул набуд. Зеро русҳо, яъне Шӯравӣ шикасташ дар ҷанги Афғонистонро аз дасти Покистон медид, чунки пойгоҳҳои низомии муҷоҳидини афғон дар Покистон қарор доштанд ва кӯмакҳо тавассути Покистон ба муҷоҳидини афғон меомад. Узбакистон ҳам бар ин назар буд, ки манофеи миллиаш бо иҷрои ин тарҳ зери хатар қарор мегирифт. Бешубҳа, имзои ин созишнома яке аз сабабҳои асосии бӯҳронӣ шудани авзоъ дар Тоҷикистон ва аз сари қудрат рафтани Набиев шуд. Имзои ин созишнома барои Тоҷикистон манфиат дошт аммо пеш аз вақт буд."

Озодӣ: Дар ҳодисаи истеъфои Набиев кӣ ҳарфи охирро мегуфт: Мулло Абдуғаффор ва ё Исмат?

Давлати Усмон: "Исмат ин ҷо як иҷрокунандаи амрҳои Мулло Абдуғаффор буд. Ҳис мешуд, ки Исмат аз Мулло Абдуғаффор итоат мекунад."

МУЛЛО АБДУҒАФФОР, ХАТИБИ МАСҶИД ВА ҲАМКОРӢ БО КГБ

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки МуллоАбдуғаффор бо бархе аз идораҳои вижаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ҳамкорӣ мекардааст ва барои иҷрои амалиёти истеъфои Набиев соҳиби подош ҳам шудааст...

Давлати Усмон: "Мулло Абдуғаффор дар замони Шӯравӣ хатиби масҷид буд. Дар замони Шӯравӣ хатибҳои масҷидҳо воқеан ҳам бо Кумитаи амнияти давлатӣ ҳамкории зич доштанд. Истисно нест, ки марҳум Мулло Абдуғаффор алоқае бо ин хадамот ё ки бо ягон шахсияте аз хадамот, ки бевосита бо худи Маскав барномаҳоро тарҳрезӣ мекард, дошта бошад. Аммо мо дақиқан гуфта наметавонем. Зеро мо далел надорем, ки Абдуғаффор барномаи Русия ва ё Узбакистонро иҷро карда бошад. Вале он вақт ҳама ба чунин хулоса омада буданд, ки монеи асосии феълӣ дар кишвар худи раисиҷумҳур аст. Раисиҷумҳур намехоҳад, ки авзоъро ислоҳ кунад. Ҳар касе ҳам чӣ иқдоме дар муқобили раисиҷумҳур мекард, аз ҷониби нерӯҳои мухолиф қобили қабул буд."

Озодӣ: Аммо ба ҳодисаи истеъфо назари Абдуллоҷонов, ки ин замон як навъ умедвор шуда буд ва омодагӣ барои ин курсиро медид чӣ гуна буд?

Давлати Усмон: "Дақиқан дар ёд надорам, ки Абдуллоҷонов чӣ тавр қабул кард. Вокунишаш, албатта, манфӣ набуд. Назараш ҳамин буд, ки Набиев натавонист, кишварро идора кунад. Зоҳиран чунин ба назар мерасид."

Зиндагиномаи Давлати Усмон дар чанд сатр

Давлати Усмон соли 1957 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1979-81 дар сафи артиши Шӯравӣ дар Қазоқистон хидмат кардааст. Соли 1990 шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.

Аз соли 1976 ба ҳаракатҳои пинҳонии исломии шаҳри Душанбе пайваст мешавад. Соли 1990 ба унвони намояндаи Тоҷикистон яке аз мубтакирони баргузории Анҷумани нахустини Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар баргузорӣ ва таъсиси ин ҳизб ширкат меварзад. То соли 1991 роҳбарии шуъбаи ташкилии ин ҳизбро бар дӯш дошта ва дар бархе аз кишварҳои пешини Шӯравӣ дар таъсиси шӯъбаи ин ҳизб саҳм мегузорад.

Баъд аз ташкили ҲНИТ муовини аввали он интихоб мешавад. Дар соли 1992 дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ба унвони ноиби сарвазир фаъолият мекунад. Солҳои ҷанги дохилӣ Сардори Ситоди нерӯҳои мухолифин дар Афғонистон буд. Соли 1998 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозитсиюн вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъйин мешавад. То соли 2000 дар ин вазифа фаъолият мекунад. Соли 1999 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ номзадии ӯ пешбарӣ мешавад.

Номзади улуми сиёсӣ ва корманди Академияи улуми Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG