Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Эрон дар робита ба барномаҳои атомӣ


Фаридуни Аббосӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, гуфт, дар сурати лағви таҳримоти байналмилалӣ Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ метавонад, барои як давраи панҷсола ба барномаҳои атомии Эрон назорат дошта бошад. Дар вокуниш ба ин баёния, сухангӯи Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, Эрон қабл аз лағви таҳримҳо нахуст бояд, ба тааҳудоти байналмилалии худ амал кунад ва эътимоди ҷомеаи байналмилалро ба даст орад. Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, дар посух ба сарпечии Эрон аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум то кунун чаҳор маротиба алайҳи Эрон қатъномаҳои таҳримотӣ ба тасвиб расонидааст. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ месозад, вале давлати Эрон ин иддаъоро пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG