Пайвандҳои дастрасӣ

Чархаи аввали Сангтӯда-2 ба кор андохта шуд


Рӯзи душанбе чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои эронии ӯ Маҳмуди Аҳмадинажод мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чархаи аввал қодир ба тавлиди як миллиард киловат соат нерӯи барқ аст ва то ҳадде мушкили норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистонро дар фасли сармо осонтар мекунад. Бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо арзиши 220 миллион доллар соли 2006 шурӯъ шуд ва 180 миллион долларро Эрон ва 40 миллион доллари онро Тоҷикистон мепардозад. Нерӯгоҳи мазкур, ки дар рӯдхонаи Вахш сохта шудааст, қодир ба тавлиди 220 мегават нерӯи барқ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG