Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз боздошти як фарди Ал-Қоида истиқбол кард


Давлати Амрико рӯзи душанбе аз боздошти як фарди аршади Ал-Қоида дар Покистон истиқбол кард, ки аз ҷумла алайҳи он кишвар амалҳои террористӣ тарҳрезӣ мекардааст. Кохи Сафед дар баёнияе боздошти Юнус Мавританиро “як намунаи мушорикати дарозмуддати” Амрикову Покистон дар роҳи мубориза бо терроризм хонд. Пештар аз ин баёнияи артиши Покистон гуфт, ки Мавританиро бо ду шарики дигараш дар шаҳри Кветта дар ҷанубуғарби он кишвар боздошт кард. Бар пояи ин гузориш, Ал-Мавританӣ, аз сӯи Усома Бин Лодин, маъмурият дошт, ки ташкилоти иқтисодии муҳими Амрико, Аврупо ва Австралияро ҳадафи амалиёти харобкорона қарор бидиҳад.
XS
SM
MD
LG