Пайвандҳои дастрасӣ

Як фаъоли сиёсии Белорус мегӯяд, шиканҷааш кардаанд


Яке аз фаъолони мухолифини давлати Белорус мегӯяд, вақти дар боздоштгоҳ буданаш дар тобистони ҳамин сол маъмурони амниятӣ ӯро бераҳмона шиканҷа кардаанд. Сяржук Павлюкевич, ки моҳи июл ҷавононро аз тариқи порталҳои иҷтимоӣ ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ хонда буд, барои 15 рӯз ба зиндон маҳкум шуд. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат, маъмурони амниятӣ бо бераҳмии хосе ӯро латукӯб ва нафасгир карданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, ин фаъоли мухолифони давлат аз додситонӣ хостааст, алайҳи маъмурони Кумитаи амнияти миллии Белорус парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Бори аввал нест, фаъолони сиёсии ин кишвар аз бадрафтории маъмурони амниятӣ шикоят мекунанд. Алес Михайлевич, номзади собиқ ба раёсати ҷумҳури Белорус низ гуфтааст, дар ду моҳи дар боздошт буданаш маъмурони амниятӣ ӯро азобу шиканҷа кардаанд.
XS
SM
MD
LG