Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби хаймаҳои ҷонибдорони Тимошенко дар Киев


Кормандони милисаи Киев хаймаҳои ҷонибдорони сарвазири пешин Юлия Тимошенко дар канори бинои додгоҳи ноҳияи Печераро хароб карданд. Дар ин додгоҳ мурофиаи хонум Тимошенко идома дорад.

Мухолифини ҳукумати Украина мегӯянд, ки хаймаҳо – қабулгоҳҳои ҷамъиятии вакилони парлумон аз фраксияи «Эътилофи Юлия Тимошенко ва Баткившина» мебошанд ва аз байн бурдани онҳо хилофи қонун аст.

Юлия Тимошенко дар сӯиистифода аз ваколат ҳангоми имзои қарордоди хариду фурӯши газ бо Русия айбдор мешавад. Ӯ аз 5 август ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG