Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирии низомиёни Сурия аз фирори мардум ба Туркия


Мулоқоти Башор Асад бо Якоб Келленбергер
Мулоқоти Башор Асад бо Якоб Келленбергер
Нерӯҳои амниятии Сурия имрӯз дар чанд шаҳри манотиқи марказӣ ва воқеъ дар марзи Туркия алайҳи мухолифин амалиёт доир карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёи ҳуқуқи башар, дар ин амалиёт чанд нафар ба ҳалокат расиданд.

Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки дар манотиқи марзӣ низомиён талош доранд то аз фирори оммавии мардум ба Туркия ҷилавгирӣ кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки имрӯз нерӯҳои ҳукуматӣ дар тонкҳо вориди шаҳрҳои Ҳомс ва Ҳома шуданд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх Якоб Келленбергер имрӯз дар Димишқ бо мақомоти Сурия музокирот анҷом медиҳад. Ӯ талоши дарёфти иҷозаи Димишқ барои мулоқоти табибон ва кормандони созмонҳои хайрия бо афродеро дорад, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи тазоҳургарон дар шаҳрҳои Сурия осеб дидаанд.

Ба иттилоъи СММ, аз оғози эътирозҳои оммавӣ дар Сурия беш аз 2200 нафар ҷон бохта, дасти кам даҳ ҳазор ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асад боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG