Пайвандҳои дастрасӣ

Сайфулислом ва Мутассим аз Бани Валид фирор карданд


Сайфулислом, писари калонии Қаззофӣ

Сайфулислом, писари калонии Қаззофӣ

Фарзандони раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофӣ – Сайфулислом ва Мутассим аз шаҳри муҳосирашудаи Бани Валид фирор кардаанд.

Дар бора телевизиони Би-Би-Си бо такя ба раиси Шӯрои миллии гузори Либия Мустафо Абдул Ҷалил хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Сайфулислом ва Мутассим талош карданд, ки музокироти ошӯбгарон бо ҷонибдорони Қаззофиро халалдор кунанд. Банӣ Валид ва се шаҳри дигари Либия таҳти назорати ҷонибдорони Қаззофӣ қарор доранд. Макони будубоши худи Қаззофӣ то ҳол маълум нест.

Дар ҳамин ҳол имрӯз мақомоти Украина изҳор намуданд, ки онҳо хабари аз сӯи ошӯбгарон боздошт шудани 19 шаҳрванди кишварро таҳқиқ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандони Украина ҳамчун зархарид аз ҷониби нерӯҳои Қаззофӣ меҷангиданд.
XS
SM
MD
LG